ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Равина Шамдасани, сухангӯи дафтари Кумиссариёи олии Созмони Милали Муттаҳид ахиран гуфт, дафтари Кумиссариёи олии СММ дар умури ҳуқуқи башар ҳич маълумоте дар бораи наслкушии эҳтимолӣ дар ҷараёни амалиёти вижаи Русия дар Украина дар даст надорад.
Шамдасани дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт: "Мо ҳич далеле надорем, ки ба наслкушӣ ишора кунад".
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд.
Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.