Русия қариб 1 млн гуреза аз Донбассу Украинаро қабул кард

Гурӯҳи нави гурезаҳо аз тариқи автобусҳо аз деҳоти назди шаҳри Мариупол ба минтақаи марзии Русия, дар ҳудуди вилояти Ростов интиқол дода шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Теъдоди умумии гурезаҳо аз ҷумҳуриҳои халқии Донетску Луганск ва Украина дар Русия аллакай ба 935 ҳазор нафар расидааст.
Дар ин бора РИА "Новости" хабар дода афзуд, ки ин теъдоди гурезаҳо аз оғози ташаннуҷи вазъ дар Донбассу Украина ба Русия интиқол ёфтаанд.
Теъдоди онҳое, ки тайи шабонарӯзи охир ба Русия паноҳ бурдаанд, беш аз 18 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

"Аз ҷумла аз 934,6 ҳазор гурезае, ки аз оғози ташаннуҷи низомӣ ба Русия паноҳ бурдаанд, 172,5 ҳазор нафарашон кӯдакон мебошанд", - омадааст дар иттилоия.

Интиқоли васеи шаҳрвандон аз Донбас нимаи моҳи феврали соли равон дар пасманзари ташаннуҷи вазъ оғоз гардид. Баъдан Русия истиқлоли ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро эътироф карда, 24 феврал дар Украина амалиёти низомии махсусро оғоз кард.
Украина ба ҳамлаи террористӣ алайҳи Русия омодагӣ мегирифт: тафсилот
Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.