ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар ҷаласаи фаврӣ бо аъзои Шӯрои амнияти Русия пешниҳод кард, ки масоили ҳамкорӣ бо ҷумҳуриҳои пасошӯравиро ба таври ҷиддӣ баррасӣ намоянд.
"Имрӯз мо масъалаҳои ҳамкорӣ бо наздиктарин ҳамсояҳои худ дар фазои пасошӯравиро баррасӣ хоҳем кард. Алексей Логвинович (Оверчук) ин корро тавассути ҳукумати мо анҷом медиҳад. Ӯ ба таври муфассал медонад, ки корҳо пеш аз ҳама дар роҳи иқтисодӣ чӣ гуна пеш мераванд", - гуфт Владимир Путин.
Ҳамзамон раисҷумҳури Русия гуфт, мехоҳад, ӯро ба ҷаласа даъват кунад, то ӯ дар ин бора гузориш диҳад.
Ёдрас менамоем, ки чанде пеш Владимир Путин, раисҷумҳури Русия таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақилро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвараш хонда буд.
“Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии мо – муносибот бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар қаламрави шӯравии собиқ мебошад. Бори дигар таъкид мекунам, ки ин мавзуъ барои мо калидист”, - изҳор кард Владимир Путин.
Раисҷумҳури Русия афзуд, муколамаи хубе бо шарикон аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҳандозӣ шуда, додугирифтаи густурдаи молӣ сурат гирифта истодааст.
Маврид ба зикр аст, ки феълан кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Белорус ва Ӯзбекистон узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошанд.