Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Путин ба Мишел гуфт, Киев намегузорад, ки муҳосирашудаҳо дар "Азовстал" таслим шаванд

Раисҷумҳури Русия ба мақомдори Аврупо гуфт, ба далоили гуманитарӣ ба низомиёни кишвар дастур дод, ки корхонаи "Азовстал"-ро ҳадафи ҳамла қарор надиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо Шарл Мишел, роҳбари Шӯрои Аврупо суҳбати телефонӣ доштааст, хабар дод дафтари матбуотии Кремл.
Ба иттилои манбаъ, Путин ба Мишел гуфтааст, баъди озодсозии шаҳри Мариупол дастур дод, ки ҳамлаи "Азовстал" лағв карда шавад.
Ӯ таъкид намудааст, ки ҷониби Русия барои ҳамаи таслимшудаҳо ҳифзи ҳаётро кафолат медиҳад.
"Ба низомиён, ҷангиёни воҳидҳои миллатгаро ва зархаридони хориҷӣ ҳаёт кафолат дода мешавад, бо онҳо муносибати шоиста бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ сурат мегирад ва кумаки лозимии тиббӣ расонда мешавад", - овардааст Кремл аз қавли Путин.
Дар иттилоия таъкид шудааст, ҷониби Киев иҷозат надода истодааст, ки муҳосирашудаҳо аз пешниҳоди таслимшавӣ истифода намоянд.
Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия ахиран ба раисҷумҳур Владимир Путин ҳисобот дод, ки Мариупол озод шуд, танҳо бархе ҷангиён дар "Азовстал" паноҳ бурдаанд.
Ӯ гузориш дод, ки беш аз 2 ҳазор ҷангӣ феълан дар ҳудуди корхонаи "Азовстал" дар муҳосираанд. Аз шумораи муҳосирашудаҳо то ҳол 1478 нафар таслим шудаанд, афзуд вазир.
Боррел: Анҷоми низоъ дар Украина ҷаҳонро ба таври куллӣ тағйир медиҳад
Владимир Путин амр дод, ки ҳамла ба "Азовстал" лағв гардад, то ҷони низомиён ҳифз карда шавад. Ӯ хост, ба муҳосирашудаҳо бори дигар пешниҳод гардад, ки таслим шаванд.
Мақомоти низомии Русия эълон кардаанд, ки барои фароҳам кардани низоми хомӯшӣ дар "Азовстал" боло кардани парчамҳои сафед дар ҳудуди корхона аз ҷониби украинӣ зарур аст.
Сардори Маркази миллии идораи мудофиаи ФР Михаил Мизинтсев гуфт, дар пайи дидани ин паём фавран нерӯҳои Русия долонҳои гуманитарӣ муҳайё мекунанд.