ДУШАНБЕ, 21 апр - Sputnik. Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз ҷамъбасти 20 рӯзи нақшаи даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳ хабар дод.
Ба иттилои котиботи Вазорати мудофиа, дар 20 рӯзе, ки маъракаи даъвати баҳории шаҳрвандон ҷараён дорад, иҷрои нақшаи он дар мамлакат 50 фоизро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, вазорат дар ҳамин давраи қаблии даъвати наваскарон аз иҷроиши 80-дарсадии нақша хабар дода буд.
Гуфта мешавад, ВМКБ давоми чор соли охир миёни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар нахустин рӯзи даъвати шаҳрвандон нақшаро дар қаламрави вилоят 100 фоиз иҷро менамояд.
Чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе давоми 20 рӯзи маъракаи сарбозгирӣ нақшаро 60 фисад иҷро кардаанд.
Зимнан нақшаи даъватро ноҳияҳои тобеи марказ 60 дарсад ва вилояти Хатлон 50 фисад иҷро намуданд.
Даъвати наваскарон аз ҳама суст дар Суғд ҷараён дорад. Вилоят тайи се ҳафта 40 фисади нақшаро иҷро кардааст.
Ёдовар мешавем, ки аз якуми апрели соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ даъвати баҳории шаҳрвандон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардида, он ду моҳ идома мекунад.
Дар даъвати баҳорӣ шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 барои хидмат ба сафи артиш ҷалб хоҳанд шуд.