Тоҷикистон ба гурӯҳи корӣ оид ба вазъи Украина ворид мешавад

Дар Иттиҳоди байнипарлумонӣ як гурӯҳи корӣ оид ба Украина таъсис дода мешавад, ки Тоҷикистон низ аъзои он хоҳад буд, гуфта шуд дар Шӯрои Федератсияи Русия
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Дар доираи Иттиҳоди байнипарлумонӣ (ИБП) дар ояндаи наздик як гурӯҳи корӣ оид ба авзоъ дар Украина таъсис дода мешавад. Кори онро аъзои гурӯҳи геополитикии ИБП "АвруОсиё" муҳокима карданд.
Дар ин бора РИА "Новости" бо истинод ба хадамоти матбуотии Шӯрои Федератсияи Русия хабар медиҳад.
Дар ин нишаст, ки дар шакли видеоконфронс баргузор шуд, аъзои парлумони Ӯзбекистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова ва Тоҷикистон ширкат карданд.
Русияро дар ин нишаст муовини раиси Шӯрои Федератсияи Русия Константин Косачев намояндагӣ кард.
"Ҳозирон ба баррасии масъалаи ҳамоҳангсозии амалҳои вакилони порлумон-гурӯҳи Авруосиё дар робита ба таъсиси Гурӯҳи кории вижаи Иттиҳоди байнипарлумонӣ оид ба вазъи Украина ва Русия таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд", - омадааст дар хабар.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров: Марҳилаи нави амалиёти вижа дар Украина оғоз мешавад
Вакилони парлумон номзадии раиси гурӯҳи "Авруосиё", раиси Кумитаи умури байналмилалӣ, дифоъ ва амнияти Маҷлиси Қазоқистон Айгул Куспанро дастгирӣ карданд.
Гурӯҳи корӣ бар асоси вазъи Украина таъсис дода мешавад. Онҳо дар навбати худ дар Ассамблеяи 144-уми Иттифоқи байнипарлумонӣ қабул карда шуданд.
Ҷаласаҳои гурӯҳ аз тариқи онлайнӣ баргузор шуда, қарор аст, ба Украина ва Русия намояндагиҳо фиристода шаванд.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Вазорати дифои Русия аввалин гурезаҳоро аз Изюми вилояти Харков берун овард
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд.
Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.