ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Худи шаҳри Мариупол аз нерӯҳои украинӣ озод шудааст, аммо дар корхонаи "Азовстал" ҳамоно ҷангиён боқӣ мондаанд.
Ин нуқтаро Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия зимни ҳисобот ба раисҷумҳур Владимир Путин изҳор дошт.
Ӯ гузориш дод, ки беш аз 2 ҳазор ҷангӣ феълан дар ҳудуди корхонаи "Азовстал" дар муҳосира гирифта шудаанд. Аз шумораи муҳосирашудаҳо то ҳол 1478 нафар таслим шудаанд, афзуд вазир.
Ба гуфтаи Шойгу, ҷангиёни Украина дар шаҳри Мариупол 4 бор аз сокинони мулкӣ ҳамчун сипар истифода карданд. Аз ҷумла онҳоро аз таҳхонаҳо ба берун рондаанд, то ақибнишинӣ кунанд, тавзеҳ дод ӯ.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия амалиёти низомиёнро дар Мариупол муваффақ арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки барои корнамоиҳо ба мукофоти давлатӣ пешниҳод карда шаванд.
Воҳидҳои низомии Русия ва нерӯҳои Донбасс рӯзи 7 март Мариуполро муҳосира карданд ва аз он вақт то ҳол шаҳр аз нерӯҳои украинӣ тоза карда мешавад.
Феълан тақрибан кулли шаҳр таҳти назорат гирифта шуда, задухӯрдҳо дар минтақаи корхонаи “Азовстал” идома доранд. Дар он ҷо боқимондаҳои полки миллатгарои "Азов" пинҳон шудаанд, ки алайҳи ҷангиёни онҳо дар Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Русия борҳо пешниҳод кард, ки ба далоили гуманитарӣ муҳосирашудаҳо ихтиёран силоҳро ба замин гузоранду таслим шаванд, аммо то ҳол на ҳама аз ин имконият истифода кардаанд.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.