ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден дар Кохи сафед сарвазири Украина Денис Шмигалро ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад РИА "Новости".
Гуфта мешавад, мулоқоти Байден ва Шмигал рӯзи 21 апрел дар Кохи сафед сурат гирифт. Зикр гардид, ки пас аз мулоқот бо сарвазири Украина Ҷо Байден аз ирсоли кумаки навбатӣ ба он кишвар хабар медиҳад.
Гап сари 1,3 миллиард доллар меравад, ки Амрико ҳамчун кумаки иқтисодӣ ва низомӣ ба Украина ихтисос медиҳад.
Қаблан кишвардори Украина Владимир Зеленский аз раиси Комиссияи Аврупо Урсуле фон дер Ляйен кумаки молӣ талаб кард. Ӯ гуфт, Киев барои пӯшонидани имтиёзҳои иҷтимоӣ ва маош ҳар моҳ ба 7 миллиард доллар кумаки фаврии молӣ ниёз дорад.
"Украина барои пӯшонидани имтиёзҳои иҷтимоӣ ва маош ҳар моҳ ба ҳафт миллиард доллар кӯмаки фаврии молӣ ниёз дорад", - таъкид дошт Зеленский.
Қаблан Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди тахсиси 500 миллион еврои изофӣ барои кумакҳои низомӣ ба Украина тавофуқ карда буд ва ҳамакнун ҳаҷми умумии кумаки низомии Иттиҳодияи Аврупо ба Киев 1,5 миллиард евроро ташкил хоҳад дод.
Вакили пешини Верховная Рада Иля Кива, ки аз мандаташ маҳрум шудааст, гуфт, Владимир Зеленский моҳона тақрибан 100 миллион доллар маош мегирад.
"Яке аз ангезаҳои аслии Зеленский барои ба марг тела додани мардум ин боқӣ мондан дар сари қудар аст. Зеро Зеленский дар як моҳ тақрибан 100 миллион доллар маош мегирад", - гуфта буд Кива дар як паёми видеоӣ дар "Telegram".