ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Русия бархе аз консулгариҳои Латвия, Литва ва Эстонияро мебандад ва кормандони онҳо бояд кишварро тарк кунанд, гуфта мешавад дар торномаи Вазорати корҳои хориҷии Русия.
Ҳамин тариқ сафирони Латвия ва Эстония Марис Риекстинс ва Маргус Лайдре, инчунин кордори сафорати Литва Вирҷиния Умбрасене рӯзи 21 апрел ба майдони Смоленская даъват шуданд.
Ба онҳо бинобар баста шудани консулгариҳои Русия дар Клайпеда, Лиепая, Даугавпилс, Нарва, инчунин дар Тарту маротиби эътирози Русия таслим шуд.
"Дар асоси принсипи мутақобила, инчунин бо назардошти расонидани кумаки низомӣ аз ҷониби мақомоти ин кишварҳо ба Киев ва пӯшонидани ҷиноятҳои миллатгароёни украинӣ алайҳи аҳолии осоиштаи Донбасс ва Украина фаъолияти консулгарии генералии Латвия дар Санкт-Петербург, консулгариҳои Латвия дар Псков, консулгарии генералии Эстония дар Санкт-Петербург ва дар Псков, консулгарии генералии Литва дар Санкт-Петербург қатъ мегардад", - омадааст дар хабар.
Дар ин росто Маскав раҳбарону кормандони намояндагиҳои Эстония ва Латвияро "персона нон грата" эълон кард. Кормандони консулӣ ва маъмурию техникие, ки шаҳрванди Русия нестанд, ғайриқобили қабул дониста мешаванд.
Вазорати корҳои хориҷии Русия ба ҳамаи афроди дар боло зикршуда дастур додааст, ки дар ҳамон муддате ки кишварҳои соҳили Балтика барои рафтани кормандони намояндагиҳои консулгарии Русия ҷудо кардаанд, ин кишварро тарк кунанд.
Авоили моҳи апрел мақомоти Литва ва Латвия сатҳи равобити дипломатӣ бо Русияро поин бурданд - ин аввалин тадбир дар Аврупост.
Вазорати хориҷаи Литва аз баста шудани консулгарии Русия дар Клайпеда хабар дод ва ҳамчунин аз сафири Русия хост, ки ин кишварро тарк кунад.
Кишварҳои Соҳили Балтика тавзеҳ доданд, ки ин вокуниш ба авзоъ дар шаҳри Бучаи Украина аст, ки Вазорати дифои Русия онро иғво медонад.
Дар маҷмуъ пас аз оғози амалиёти вижа кишварҳои хориҷӣ беш аз 400 дипломати русро ихроҷ карданд. Маскав ба ҳар як тасмими кишварҳои хориҷ посух медиҳад.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд.
Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.