Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

"То ё баъди нисфирӯзӣ": Қодиров гуфт, "Азовстал" таҳти назорати артиши Русия мегузарад

Роҳбари Чеченистон гуфт, агар низомиёни украинӣ пешниҳод дар мавриди силоҳгузорию таслимшавиро қабул кунанд, нисбаташон "қарори дуруст" қабул хоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 апр - Sputnik. Корхонаи "Азовстал" дар Мариупол то ё баъди нисфирӯзӣ зери назорати нерӯҳои Русия хоҳад гузашт, пешгӯӣ кард Рамазон Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон.
"Мехоҳам, хабари хуш расонам, ки аллакай то нисфирӯз ё баъди он "Азовстал" таҳти назорати артиши Русия хоҳад буд. Ҳама чиз омода, стратегия ва ҷангиён тайёранд, танҳо вақт лозим", - навишт ӯ дар "Telegram".
Ӯ изҳори бовар намуд, ки агар ҷангиёни "Азовстал" силоҳро гузоранду ихтиёран таслим шаванд, фармондеҳии артиши Русия дар мавридашон беҳтарин қарор қабул хоҳад кард.
Маврид ба зикр аст, низомиёни Русия ба далоили гуманитарӣ борҳо ба ҷангиён дар "Азовстал" пешниҳод карданд, ки таслим шаванд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ба Зеленский пешниҳод карданд, ки худро бо ҷангҷӯёни "Азовстал" иваз кунад
Тайи рӯзҳои охир аз ҳудуди корхона танҳо 5 низомии украинӣ силоҳашонро ба замин гузошта, аз минтақаи ҷангӣ берун шудаанд, хабар дод милисаи мардумии Ҷумҳурии Донетск. Дигарҳо аз пешниҳоди ҷониби Русия то ҳол истифода накардаанд.
Воҳидҳои низомии Русия ва нерӯҳои Донбасс рӯзи 7 март Мариуполро муҳосира карданд ва аз он вақт то ҳол шаҳр аз нерӯҳои украинӣ тоза карда мешавад.
Феълан тақрибан кулли шаҳр таҳти назорат гирифта шуда, задухӯрдҳо дар минтақаи корхонаи “Азовстал” идома доранд. Дар он ҷо боқимондаҳои полки миллатгарои "Азов" пинҳон шудаанд, ки алайҳи ҷангиёни онҳо дар Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Адалби Шхагошев, узви Кумитаи Думаи давлатӣ дар умури амният ва мубориза бо фасоди Русия мегӯяд, Украина иҷоза намедиҳанд, ҷангҷӯёне, ки дар "Азовстал" қарор доранд, ба қувваҳои мусаллаҳи ФР таслим шаванд. Ӯ тавзеҳ додааст, ки дар акси ҳол таслимшудаҳо далели зиндаи мақомоти Русия зидди ҷинояткориҳои мақомоти Украина хоҳанд шуд.