Хатари ҳамла аз ҳаво: тахлияи Капитолий дар Вашингтон

Мақомоти пулиси Вашингтон ба далели эҳтимолияти хатар аз ҳаво кормандони Капитолий, макони фаъолияти сенаторҳои амрикоиро тахлия кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Фармони тахлияи Капитолий, маҷмаи биноҳои давлатии ИМА шоми 20 апрел ё соати 1:30-и 21 апрел бо вақти Маскав дода шудааст.
Ба иттилои РИА "Новости", далели берун кардани кормандони Капитолий "хатари эҳтимолӣ аз ҳавопаймо" гуфта шудааст.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Вашингтон дар саҳифааш дар "Twitter" изҳор доштаанд, ки берун кардани кормандон ҳамчун чораи эҳтиётӣ амалӣ шудааст.
Баъдан эълон гардид, ки хатаре ба бинои мақомоти қонунгузории ИМА нест ва кормандон ба ҷойҳояшон баргаштанд.
Размоишҳои мунҳарифкунандаи ИМА ва Лаҳистон дар наздикии Калининград
Расонаҳои амрикоӣ дар тавзеҳи ин вазъият хабар доданд, ки пулисро ҳавопаймои думуҳаррикие нигарон кардаст, ки ҳомили низомиёни ИМА будааст.
Маълум шудааст, дар ҳавопаймо низомиён аз гурӯҳи "Голден найтс"-и ИМА будаанд, ки барои анҷоми ҷаҳишҳои намоишӣ бо чатр дар минтақаи Боғи миллӣ пеш аз бозии бейсбол ба ҳаво баланд шудаанд.
Ҳавопаймо аз пойгоҳи Мэриленд парида, дар фазои назди Капитолий чанд муддат чарх задааст ва ин боиси бонги хатар задани мақомоти пулиси Вашингтон шудааст. Ин дар ҳолест, ки ҳавопаймо дар минтақае қарор доштаст, ки мамнуъ нест.
Феълан муфаттишон месанҷанд, ки чаро чорабинии намоишӣ пеш аз бозии бейсбол бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қаблан мувофиқа нашудааст.