ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Дар вилояти Кундузи Афғонистон, ки дар ҳаммарз бо Тоҷикистон воқеъ аст, инфиҷори шадид рух дод.
Дар ин бора шабакаи телевизионии Tolo News бо такя ба намояндаи расмии хадамоти амниятии маҳаллӣ хабар додааст.
Тибқи иттилои пешакӣ, дар ин ҳодиса дар шаҳри Кундуз дастикам чаҳор нафар кушта шудаанд.
Ҳамзамон дар пайи ин ҳодиса 18 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар бораи сабабҳо ва макони дақиқи таркиш то ҳол хабар дода нашудааст.
Ҳамзамон то кунун масъулияти ин инфиҷорҳои хунинро ба уҳда нагирифтааст.
Ёдовра мешавем, ки ин дуввумин таркиш дар чанд соат аст.
Соате қабл дар шимоли Афғонистон низ дар яке аз масҷидҳо таркиши сахт ба амал омад. Ҳодиса дар Мазори Шариф, маркази вилояти Балхи шимолии Афғонистон рух додааст.
Дар натиҷаи ин ҳодиса 30 нафар кушта ва 80 нафари дигар ҷароҳат вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд.
Сабаби дақиқи таркиш низ маълум нест. Эҳтимол меравад, ки ин дар пайи фаъолсозии дастгоҳи тарканда сурат гирифтааст.
Пас аз иваз шудани ҳукумат дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 дар ин кишвар тақрибан ҳар ҳафта таркишҳо ба қайд гирифта мешуданд.
Ҳамин тавр, тирамоҳи соли 2021 дар маҷмӯъ дар натиҷаи ҳамлаҳои террористӣ дар масҷидҳо беш аз 250 нафар кушта, садҳо нафар маҷрӯҳ шуданд.
Ахиран дар паи таркишҳо дар Кобул дастикам 25 нафар кушта шуданд. Дар назди ду муассисаи таълимии пойтахт садои таркиш баланд шуда буд.