ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ"* масъулияти таркиш дар масҷиди шаҳри Мазори Шарифи Афғонистонро бар уҳда гирифт.
Дар ин бора оҷонсии Франс Пресс бо истинод ба изҳороти ин созмон хабар медиҳад.
"Гурӯҳи "Давлати исломӣ* масъулияти ҳамла ба масҷиди шиаҳо дар рӯзи панҷшанберо бар уҳда гирифт", - омадааст дар хабар.
Рӯзи панҷшанбе дар масҷиди Мазори Шарифи Афғонистон ҳангоми адои намоз таркиш рух дод.
Ҳодиса дар як минтақаи серодами шаҳр ба вуқуъ пайваст.
Ба гузориши хабаргузории афғонии "Khaama Press", шумори қурбониёни таркиш ба 30 нафар ва теъдоди захмиён ба 80 нафар расидааст.
Бояд гуфт, пас аз иваз шудани ҳукумат дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 дар ин кишвар тақрибан ҳар ҳафта таркишҳо ба қайд гирифта мешаванд.
Ҳамин тавр тирамоҳи соли 2021 дар натиҷаи ҳамлаҳои террористӣ дар масҷидҳо беш аз 250 нафар кушта, садҳо нафар маҷруҳ шуданд.
Ахиран дар пайи таркишҳо дар назди мактабе дар Кобул дастикам 25 нафар кушта шуданд.