Шикасти 4-ум ва аз даст рафтани шонси "Истиқлол" барои баромадан аз гурӯҳ

Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, ки қаҳрамони феълии Тоҷикистон мебошад, имкони баромадан аз гурӯҳ дар лигаи чемпионҳои осиёиро аз даст дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik. Бозии чоруми марҳилаи гурӯҳии "Истиқлол" дар Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё-2022 бо бохт анҷомид, хабар дод Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар бозии чорумаш дар гурӯҳи "А" дастаи Душанбе бо ғолиби феълии мусобиқа, тими "Ал-ҳилол"-и Арабистони Саудӣ вориди майдон шуд. Ин сабқат бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи тими мизбон анҷом ёфт. Бозӣ дар варзишгоҳи Ар-риёз бо ҳузури беш аз 10 ҳазор мухлис сурат гирифт.
Голҳоро ба дарвозаи "Истиқлол" дар дақиқаҳои 8-ум ва 33-юм Одион Игало ва дар дақиқаҳои иловагӣ Салом Ад-Давсарӣ ворид кардаанд. Бозиии қаблии тими Тоҷикистон бо "Ал-ҳилол" бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфта буд. Голи ягонаро дар дақиқаи 52-юм Салмон Ал-Фараҷ ба дарвоза ворид кард.
Хорват дар тими миллии футбол: Тоҷикистон аз мураббии нав чӣ интизор аст
Ҳамин тариқ чемпиони Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 дар гурӯҳи "А" баъди бохти чорумаш шонси баромадан ба марҳилаи баъдии мусобиқаро аз даст дод.
Ин даста, таҳти роҳбарии Виталий Левченко натавонист дар чор бозии марҳилаи гурӯҳӣ холе ба даст орад. Феълан дар гурӯҳи "А" тими "Ал-Ҳилол" аз 12 холи имконпазир соҳиби 12 хол буда, дар мавқеи якум қарор дорад. Дастаҳои "Шарҷа"-и АМА соҳиби 7 хол ва "Ар-райён"-и Қатар 4 хол ба даст оварданд.
Дар ду бозии боқимондаи гуруҳӣ тими "Истиқлол" бо "Ар-райён" рӯзи 23 апрел ва "Шарҷа" 27 апрел вориди майдон мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки “Истиқлол” дар ду бозии гузаштааш дар доираи ин мусобиқот аз дастаи "Ар-райён"-и Қатар бо ҳисоби 2:3 ва аз тими “Шарҷа”-и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда буд.