ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik. Қарзҳои имтиёзноки давлатӣ умдатан ба омӯзгорони ҷавон дода мешаванд, изҳор дошт Сафия Каримова, масъули шуъбаи кадрҳои идораи маорифи вилояти Суғд.
Каримова дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, муҳлати баргардонидани қарз аз як то 3 солро дар бар мегирад.
"Ин имтиёз танҳо барои мутахассисони ҷавон мебошад, ки собиқаи сесолаи омӯзгорӣ доранд. Аз ҳисоби маблағҳои додашуда, метавонанд чорво ё занбӯри асал харида, шароити зиндагияшонро беҳтар кунанд", - таъкид намуд, Каримова.
Бар асоси қарори ҳукумат, ба ҳар як омӯзгори ҷавони эҳтиёҷманд 6 ҳазор сомонӣ қарзи давлатӣ аз тариқи "Амонатбонк" пешниҳод карда мешавад. Яке аз талабот аз қарзгирандагон надоштани қарзи қаблӣ мебошад.
Идораи маорифи Суғд мегӯяд, давоми як соли охир 55 омӯзгори макотиби вилоят, аз ҷумла аз шаҳру навоҳии Ашт 4, Айнӣ 7, Б. Ғафуров 5, Бӯстон 1, Гулистон 2, Деваштич 2, Зафаробод 4, Истаравшан 1, Кӯҳистони Мастчоҳ 3, Мастчоҳ 1, Панҷакент 8, Спитамен 3, Ҷаббор Расулов 8 ва Шаҳристон 6 омӯзгор барои гирифтани қарзи имтиёзнок муроҷиат кардаанд.
Масъулони идораи маориф мегӯянд, солҳои охир шумори қарзгирандаҳо бамаротиб кам шудааст ва сабаби инро дар коҳиши эҳтиёҷмандии омӯзгорон арзёбӣ мекунанд.
Маблағи каму ҳуҷҷатгузории зиёд
Аммо дар суҳбатҳои сарироҳӣ омӯзгорон изҳор доштанд, ки қарзи пешниҳодшаванда чандон собит набуда, барои беҳтар намудани кору талоботи иқтисодӣ кифоят ҳам намекунад.
"Ҳоло нархи навои мол дар бозор беш аз пеш баланд шудааст. Бо 6 ҳазор сомонӣ харидани моли хуб аз имкон берун аст. Аз ҳамин лиҳоз бисёриҳо майл намекунанд ба қарзгирӣ. Дар ҳоле ки ҷамъ намудани ҳуҷҷатҳо барои қарзгирӣ боз як ташвиши дигар аст”, - гуфт як омӯзгори ҷавони мактаби №8-и ноҳияи Деваштич.
Додани қарзҳои боимтиёз ба омӯзгорони ҷавон дар ҳолест, ки вақтҳои охир мавзуи тарки кор намудану ба муҳоҷирати корӣ рафтани омӯзгорон бештар расонаӣ мешавад.
Осим Каримзода, сардори пешини идораи маорифи Суғд чанде қабл дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иброз намуда буд, ки муҳоҷиршавии омӯзгорон дар муқоиса ба солҳои қаблӣ бештар шуда, ин омил ба норасоии кадрӣ дар макотиби Суғд боис шудааст.
"Мо омори панҷ соли пешро таҳлил кардем, ки ҳамасола бо сабабҳои гуногун тарки пеша кардани омӯзгорон вуҷуд дошт. Вале имсол шумори онҳо ба 3 ҳазору 754 нафар мерасад, ки ин рақам нисбати солҳои қаблӣ зиёд аст. Аз ин теъдод 2 ҳазору 303 омӯзгор ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд”,- гуфт Каримзода.
Коршиносони соҳаи маориф ба муҳоҷират рӯ овардани омӯзгоронро ба вазъи иқтисодии хонаводагии онҳо марбут дониста мегӯяд, ки дар шароити болоравии нархҳои бозор, маош барои пешбурди зиндагӣ кифоят намекунад ва дар ниҳоят онҳо маҷбур мешаванд, ки ба муҳоҷират раванд ё кори омӯзгориро бо дигар шуғл иваз намоянд.
Масъулони ҳукумати Суғд қаблан дар як ҷаласа гуфта буданд, ки барои пешгирӣ аз муҳоҷиршавии омӯзгорон имтиёзҳои қаблии онҳоро дубора барқарор мекунанд. Вале дар бораи он ки чӣ теъдоде аз омӯзгорон бо хона ва замини наздиҳавлигӣ таъмин шудаанд, то кунун иттилое дар дастрас нест.
Феълан дар 944 муассисаи таҳсилоти умумии Суғд 39 ҳазору 520 омӯзгор фаъолият мекунад.