Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Гурӯҳе аз низомиёни украинӣ дар "Азовстал" таслим шудаанд

Таслимшудаҳои украинӣ изҳор доштаанд, ки дар бораи пешниҳоди ҷониби Русия барои гузоштани силоҳ ба замин аз варақаҳои партобшуда ба мавқеашон огоҳӣ ёфтаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Аз ҳудуди корхонаи "Азовстал" 5 низомии украинӣ силоҳашонро ба замин гузошта, аз минтақаи ҷангӣ берун шудаанд, хабар дод милисаи мардумии Ҷумҳурии Донетск дар саҳифааш дар "Telegram".
"Бо истифода аз пешниҳоди милисаи мардумии ҶХД ва нерӯҳои Русия 5 низомии Украина силоҳашонро гузошта, ихтиёран аз қаламрави корхонаи "Азовстал" берун шуданд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки аз пешниҳоди таслимшавии низомиёни украинӣ тавассути варақаҳои махсусе огаҳӣ ёфтаанд, ба қаламрави корхонаи саноатӣ партоб шуда буданд.
Маврид ба зикр аст, ки воҳидҳои Русия ва нерӯҳои Донбасс рӯзи 7 март Мариуполро муҳосира карданд ва аз он вақт то ҳол шаҳр аз нерӯҳои украинӣ тоза карда мешавад.
Феълан тақрибан кулли шаҳр таҳти назорат гирифта шуда, задухӯрдҳо дар минтақаи корхонаи “Азовстал” идома доранд. Дар он ҷо боқимондаҳои полки миллатгарои "Азов" пинҳон шудаанд, ки алайҳи ҷангиёни онҳо дар Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Ҷониби Русия борҳо ба низомиёни муҳосирашуда пешниҳод кард, ки ихтиёран силоҳро ба замин гузошта, аз минтақаи ҷангӣ берун шаванд ва бо ин мақсад дар долонҳои гуманитарию низоми хомӯшӣ эълон кардааст.
Қодиров санаи озодсозии "Азовстал"-ро гуфт
Адалби Шхагошев, узви Кумитаи Думаи давлатӣ дар умури амният ва мубориза бо фасоди Русия мегӯяд, Украина иҷоза намедиҳанд, ҷангҷӯёне, ки дар "Азовстал" қарор доранд, ба қувваҳои мусаллаҳи ФР таслим шаванд. Ӯ тавзеҳ додааст, ки дар акси ҳол таслимшудаҳо далели зиндаи мақомоти Русия зидди ҷинояткориҳои мақомоти Украина хоҳанд шуд.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.