Генерали ҳиндӣ бартарияти силоҳи Русияро тавзеҳ дод

Генерали ҳиндӣ гуфт, бар хилофи аслиҳаи ғарбӣ, ки мураккаб асту зуд корношоям мегардад, силоҳи русӣ ҳич гоҳ дар лаҳзаҳои зарурӣ аз кор набаромадаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik. Силоҳи Русия бар гузинаҳои ғарбӣ бо содагӣ, арзиш ва эътимоднокияш бартарӣ дорад, иттилоъ дод РИА "Новости" аз қавли генерал-майори мустаъфии артиши Ҳинд П.К. Сехгал.

"Воқеият ин аст, ки нерӯҳои мо ба аслиҳаи русӣ одат кардаанд. Ин силоҳҳо хеле арзонтар аз ҳамтоёни ғарбияшон мебошанд. Аслиҳаи Русия муътамад буда, то лаҳзаи охир аз кор намебарояд", - гуфтааст генерал.

Вай таъкид намудаст, ки силоҳи ғарбӣ мураккаб буда, дар бисёри вақт интизориҳоро бароварда намесозад. Ӯ илова намудааст, ки маҳз ба ҳамин далел артиши Ҳинд тайи 6 даҳсолаи охир умдатан аз силоҳи сохти Русия истифода мебарад.
Ин дар ҳолест ки ба иттилои Пажуҳишгоҳи байналмилалии сулҳи Стокҳолм, Ҳиндустон аз соли 2017 то 2021 қариб нисфи буҷаи бахши мудофиаашро барои хариди силоҳ аз Русия харҷ кардааст. Ин дар муқоиса бо нишондоди солҳои 2012 - 2016 камтар аст, чун он замон барои хариди силоҳи Русия то 69%-и буҷаи мудофиавии Ҳинд сарф мешуд.
Аз ҷумлаи харидҳои нисбатан гаронарзиши Ҳинд аз Русия маҷмааи С-400 мебошад, ки созишнома барои интиқоли он моҳи октябри соли 2018 баста шуда буд. Маълум шуда буд, ки 5 маҷмаъ барои Деҳлӣ ҳудуди 5,43 млрд. доллар арзиш хоҳад дошт. Ҳинд баъди Чину Туркия сеюмин кишвар мебошад, ки ин маҷмаъро аз Русия харид.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Чӣ гуна аслиҳаи асосии Русия дар амалиёти вижа дар Украина ҳадафро нест мекунад: видео
Деҳлӣ ҳамчунин аз Фаронса, ИМА ва Исроил силоҳ мехарад. Ахиран Фаронса барои Ҳинд 32 ҳавопаймои қиркунандаи "Dassault Rafale", 15 ҳавопаймои низомии "Mirage" ва 3 киштии зериобии "Scorpene" фурӯхт.
Ҳаҷми савдои силоҳ миёни Ҳинду ИМА аз 200 млн. доллари соли 2000-ум ба 6,2 млрд. доллар дар соли 2019 расид. Миёни моли низомии харидшуда ҳавопаймоҳои бесарнишини MQ-9A "Reaper", ҳавопаймоҳои P8-I "Poseidon" ва чархболҳои бисёрсамтаи "Sikorsky" MH-60R зикр мешаванд.
Нарендра Моди, нахуствазири Ҳинд ахиран гуфт, мушкили воридоти аслиҳа дар он аст, ки аллакай то замони расидан ба артиш куҳна мешаванд. Ӯ ҳалли ин масъаларо дар рушди барномаҳои "Ҳинди худкифо" ва "Тавлиди Ҳинд" гуфт, ки барои тараққиёти истеҳсолот дар худи кишвар равона шудаанд.