ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik. Ҷангҷӯёни баталони украинӣ талош доранд, таҳти мақоми паноҳандагӣ ба қаламрави Русия ворид шаванд. Дар ин бора Дмитрий Петров, муовини сардори Сарраёсати мубориза бо ифротгароии Вазорати корҳои дохилии Русия хабар дод.
"Дар ҳайати гурезагон афроде, ки дар амалиёти ҷангӣ ширкат мекунанд, талош доранд, ба қаламрави мо ворид шаванд. Ин махфӣ нест", - гуфт ӯ дар ҷаласаи раёсати Шӯрои ҷамъиятии назди Вазорати умури дохилии Русия.
Ба гуфтаи Петров, пайгирии дақиқи ин гуна вурудҳо ҳоло ҳам мушкил аст, аммо онҳо ба шакли гуногун рух медиҳанд.
Дар робита ба ин қарорҳои мурофиавӣ, тибқи қонунгузории ҷорӣ, қабул карда мешаванд, афзуд муовини сардори сардори Сарраёсати мубориза бо ифротгароии Вазорати корҳои дохилии Русия.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд.
Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.