Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Русия гуфт, чаро Киев иҷоза намедиҳад, ки ҷангиён таслим шаванд

Вакили Думаи давлатии Русия мегӯяд, Киев ба далелҳои зинда ниёз надорад, аз ин рӯ намегузорад, ки ҷангиён дар "Азовстал" таслим шаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 апр – Sputnik. Мақомоти Украина иҷоза намедиҳанд, ҷангҷӯёне, ки дар "Азовстал" қарор доранд, ба қувваҳои мусаллаҳи Русия таслим шаванд, зеро онҳо далели зиндаи мақомоти Русия зидди Украина хоҳанд шуд.
Дар ин бора узви Кумитаи Думаи давлатӣ дар умури амният ва мубориза бо фасод Адалби Шхагошев дар суҳбат бо РИА "Новости" хабар дод.
Қаблан раиси Ситоди ҳамоҳангсозии байниидоравии Федератсияи Русия оид ба вокунишҳои башардӯстона - раиси Маркази миллии назорати дифои Русия, генерал-полковник Михаил Мизинтсев гуфта буд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба ҷангиёни миллатгарои украинӣ ва зархаридони хориҷӣ пешниҳод мекунанд, ки дар заводи "Азовстал"-и Мариупол то соати 12.00 бо вақти Маскав таслим шаванд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Нерӯҳои вижа ба "Азовстал" -и Мариупол ҳуҷум карданд
"Бешубҳа, имрӯз нерӯҳое ҳастанд, ки миллатгароҳоро имкон намедиҳанд, ки таслим шаванд. Нерӯи аввал мақомоти Киев аст, ки ба шоҳидони зинда ва омилони ҷиноятҳои онҳо ниёз надоранд. Нерӯи дуввум фармондеҳони "Азов" ва худи фашистонанд, ки ҷиноятҳоихои вазнин содир кардаанд", - гуфт вакил.
Шхагошев мутмаин аст, ки аксари ҷангиён мехоҳанд таслим шаванд, аммо ҳамааш ба он вобаста аст, ки ин аксарият бо ақаллияте, ки онҳоро дар ихтиёр доранд, чӣ гуна мубориза мебаранд.
"Албатта, иқдоми андешидаи қувваҳои мусаллаҳи ФР ва милисаҳои ҶМД бори дигар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки изҳороти "азовиён" ва мақомоти Украина дар бораи сокинони осоишта дар "Азовстал" ба сифр баробар мешавад. Даҳҳо мошини ёрии таъҷилӣ, чанд баромаду долон, сад автобус... мо омодаем, онҳоро қабул кунем”, - хулоса кард сиёсатмадор.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои тактикаи террористии ҚМУ дар Русия на танҳо Киев масъул хоҳад буд
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.