ДУШАНБЕ, 19 апр – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, рӯзҳои 18-20 апрели соли равон дар як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон шамол бо шиддати 15-20 м/с хоҳад вазид. Дар ин рӯзҳо дар қаламроави вилояти Хатлон ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ хокбориш дар назар аст.
Ҳамзамон, манбаъ хабар додааст, ки рӯзҳои 19-20 апрели соли равон ҳавошиносон боронҳои пуршиддат, раъду барқ, жоларо дар қаламрави ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, навоҳии наздикӯҳии вилояти Хатлон ва як қатор ноҳияҳои ғарбии ВМКБ пешгӯӣ мекунанд.
“Боронҳои пуршиддат эҳтимолан дар баъзе аз минтақаҳо сабабгори омадани сел шаванд”, - қайд кардааст КҲФ.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинон хоҳиш кардааст дар чунин рӯзҳои сербориш аз сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо, рафтан ба кӯҳҳо, занбӯруғчинӣ, ҷамъоварии алафҳои дорувор, ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд.
КҲФ тавсия додааст, ки ба хотири дурӣ ҷустан аз ҳодисаҳои нохӯш ба назди махзанҳои об нараванд, чорвочаронӣ низ дар рӯзҳои пурбориш маслиҳат дода намешавад.
Ҳамчунин ин ниҳоди давлатӣ аз сокинони деҳоти кишвар хоҳиш кардааст, ҳамеша худро ба ҳар ҳолати фавқулодаи эҳтимолӣ, аз ҷумла омадани селу обзехӣ бар асари боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо омода намоянд.
“Телефонҳояи худро дар ҳоли омодагӣ нигоҳ доранд, доруқутии хонаро бо доруҳои ниёзи аввал, маҳлулҳои зиддиуфунӣ ва ғайра пур кунанд”, - таъкид кардааст КҲФ Тоҷикистон.
Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш кардааст сари вақт селроҳаву ҷӯйборҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна хасу хошоку сангу шағал тоза намоянд.
КҲФ ба хотири ҷилавгирӣ аз садамаҳо дар роҳҳо, бахусус ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо, аз ронандагони мошинҳои дорои сиёҳшиша даъват мекунад, ки ҳаракати шабонаро маҳдуд намоянд.
“Ба ҳамаи коидаҳои ҳаракати роҳ, махсусан меъёри суръат риоя кунед”, - илова кардааст Кумита.