ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Дар Маскав як шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуд, хабар медиҳад "Сибирские Новости". Ба иттилои манбаъ, ин тоҷикистонӣ ба далели даст доштан дар ҳодисаи куштор аз сӯйи кормандони пулис дастгир гардидааст.
Манбаъ меафзояд, қатли як меҳмони қаҳвахона дар Киренск ҳанӯз моҳи августи соли гузашта рух дода буд.
Он замон, дар қаҳвахонаи "Оазис" миёни ду гурӯҳи мардон нофаҳмӣ сар зад ва баҳсашон берун аз бинои қаҳвахона шадидтар шуд. Дар натиҷа яке аз онҳо бо захми шадиди корд ба бемористон интиқол ёфт, вале кӯшиши табибон бенатиҷа анҷом ёфт ва марди 34-сола бар асари ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ даргузашт.
Баъдан маълум гардид, ки гумонбари асосии ин ҳодиса молики ҳамин қаҳвахона, марди 31-сола будааст.
Аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муайян намуданд, ки дар ҳодисаи куштор се нафар даст доштанд, зеро яке аз онҳо пас аз рух додани ин ҳодиса фавран боздошт шуда буд.
Зимнан муттаҳами дигар пас аз шаш моҳ дар Красноярск дастгир гардид. Гумонбари сеюм шаҳрванди Тоҷикистон будааст, ки ахиран аз сӯйи кормандони пулис дар шаҳри Маскав боздошт шудааст.
Гуфта мешавад, пас боздошт гардидани тоҷикистонӣ ӯро фавран ба Иркутск интиқол доданд. Феълан ҳар се муттаҳами ин ҳодиса дар боздоштгоҳи Иркутск қарор доранд ва тафтишоти ҳодиса ҳамоно идома дорад.
То нашр шудани ин хабар дар мавриди шахсияти муҳоҷири боздоштшудаи тоҷик ягон маълумот мунташир нашуда буд.