ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Хонандагони синфи 1 рӯзи 25 май ва муҳассилини синфҳои дигари макотиби миёнаи Тоҷикистон аз 1 июн ба таътили тобистона мебароянд.
Дар ин бора Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар дода афзуд, ки аллакай фармоиши вазир дар мавриди анҷоми соли таҳсили 2021-2022, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба тасвиб расид.
Ба иттилои манбаъ, имтиҳоноти ҷамъбастӣ ва гузаштан аз синф ба синф дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ рӯзҳои 3 - 10 июн баргузор мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки солҳои қаблӣ дар Тоҷикистон таҳсил дар макотиби миёна то нимаи моҳи июн давом мекард. Таҳсил дар чунин шароит, ки гармии ҳаво дар ҷумҳурӣ бештар мешуд, миёни волидон норозигии зиёдро ба вуҷуд меовард.
Дар чунин ҳол волидон бо ишора ба гармии аз ҳад зиёду ба таври дуруст сурат нагирифтани таълим дар рӯзҳои охири соли хониш аз мақомот талаб карда буданд, соли хониш барвақттар ҷамъбаст карда шавад. Солҳои шӯравӣ ва баъдан, дар замони истиқлол чанд сол таътили тобистона 25 май фаро мерасид.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба ин иддао посух медод, ки барномаи таълимӣ бояд ба поён расонда шавад.
Нуқтаро дар ин баҳс Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар оғози соли таҳсили равон гузошт. Ӯ 1 сентябри соли 2021 дар маросими ифтитоҳи як гимназия дар Душанбе дар хитоб ба масъулини маорифи кишвар гуфт, ки таҳсилро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ ҳамасола 1 июн ҷамъбаст намоянд.
Раисҷумҳур дастур дода буд, ки масъулин пешниҳоду хулосаҳои худро ба ҳукумат пешниҳоду барои ворид кардани тағйирот ба қонунгузории кишвар чораандешӣ намоянд.