Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Зеленский гуфт, ба ӯ лозим аст, чанд бор бо Путин вохӯрад

Президенти Украина изҳори шубҳа кард, ки дар як мулоқот сари ҳамаи масъалаҳо ба мувофиқа расидан мумкин бошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский бар ин назар аст, ки ҳангоми бастани созишномаи Киев ва Маскав як мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин кофӣ нахоҳад буд, хабар медиҳад РИА "Новости".

"Ман тарафдори зудтар баргузор шудани мулоқот бо Русия ҳастам. Фикр намекунам, ки як мулоқот басандааст. Бо як мулоқот сари ҳамаи масъалаҳо ба мувофиқа расидан ғайриимкон аст", - афзуд Зеленский.

Ба таъкиди Зеленский, масъалаи Донбасс ва Қрим ҳамоно баҳсбарангез боқӣ хоҳад монд.
Ёдовар мешавем, Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Русия гуфт, чанд ҷангҷӯи хориҷӣ дар Украина аст ва онҳо аз куҷо омадаанд
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд. Ба тарафҳо муяссар гардид, ки бар рӯи баъзе масъалаҳо созиш кунанд.