ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия Вячеслав Володин гуфт, Владимир Зеленский бояд нерӯҳои худро аз Донбасс берун кашад, хабар медиҳад РИА "Новости".
Ба таъкиди ӯ, Зеленский бояд уҳдадориҳо оид ба эътирофи Қримро иҷро кунад.
Володин мегӯяд, агар Зеленский дар бораи шаҳрвандони Украина фикр кунад, бояд фавран қарорҳои муайян қабул кунад.
"Аввал, нерӯҳо аз қаламрави ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск хориҷ карда шаванд. Дуюм, бар асоси шартнома уҳдадориҳо барои эътирофи Қрим ва мақоми ғайриблокии Украинаро иҷро кунанд", - навиштааст Володин дар "Telegram".
Вай афзуд, ки роҳи дигар нест.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд. Ба тарафҳо муяссар гардид, ки бар рӯи баъзе масъалаҳо созиш кунанд.