ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон манфиатдор аст, ки расмиёти муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ бо Қирғизистон ҳарчи зудтар анҷом ёбад, изҳор дошт раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ дар мулоқот бо сокинони Исфара гуфт, феълан аз 987 километри сарҳади байни ду давлат 663,7 километр, яъне 68,4 фоизи хатти сарҳад муайян ва мувофиқа шудааст.
Раисиҷумҳур гуфт, то ҳол байни ҳайатҳои комиссияи байниҳукуматӣ ва гурӯҳҳои корӣ беш аз 170 мулоқоту гуфтушунид оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ сурат гирифтааст.
"Вале таъкид менамоям, ки ҳалли масъалаҳои марзиву ҳудудӣ, мувофиқа намудани хатти сарҳади давлатӣ ва аломатгузории он раванди хеле мураккаб буда, муҳлат ва заҳмати зиёди мутахассисонро талаб менамояд", - афзуд ӯ.
Раҳмон гуфт, Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои мавҷуд қатъиян ҷонибдори гуфтушунид ва дарёфти роҳҳои ҳалли мутақобилан судманд бо дарназардошти манфиатҳои миллии ҳар ду тараф аст.
Вай аз мардуми Исфара хост, бо ҳамсояҳои худ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамсоягии нек кору зиндагӣ кунанду ба эҳсосот дода нашаванд ва аз сабру таҳаммул кор гиранд. Ӯ аз ҳикмати мардумӣ ёд кард, ки ҳамсояро интихоб намекунанд.
"Такроран таъкид менамоям, ки масъалаҳои марзии байни давлатҳо танҳо ва танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал карда мешаванд ва дар ин масъала роҳи дигар вуҷуд надорад". афзуд раисҷумҳур.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки то ҳол садҳо километри он аломатгузорӣ нашудааст. Номуайянӣ дар марз мунтазам боиси таниш миёни сокинону марзбонони ду тараф мегардад, ки баъзан бо тирпаронӣ ва ҳалокати одамон меанҷомад.