ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Ҳифзи амнияти озуқавории Тоҷикистон ба масъалаи муҳимтарини рӯз мубаддал гардидааст, изҳор кард раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони Исфара.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳур, Раҳмон дар мулоқот бо сокинони шимоли ҷумҳурӣ аз шиддат гирифтани таҳдидҳои иқтисодиву молиявии ҷаҳони муосир ва таъсири манфии онҳо ба иқтисоди миллӣ зикр кардааст.
Вай таъкид намудааст, ки дар чунин шароит рушди соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ба масъалаи муҳимтарини рӯз мубаддал гардидааст.
"Бинобар ин зарур аст, ки захираву имкониятҳои кишоварзии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла шаҳри Исфара ҳарчи пурраву самаранок истифода карда шаванд", - изҳор кард раисҷумҳур.
Ӯ дар идома ба таҳлили бахши кишоварзӣ дар Исфара пардохта, бархе камбудиҳоро баён кардааст. Аз ҷумла зикр шудааст, ки истеҳсоли маҳсулот аз рустанӣ нисбат ба соли қаблӣ 2,2 фоиз коҳиш ёфтааст.
Чунин вазъ аз ҳисоби кам гардидани ҳосили меваҷот бар асари номусоидии бодуҳаво ба миён омадааст. Президент гуфт, бо вуҷуди афзоиши майдони боғҳо ҳосилнокии онҳо дар соли 2020-ум 23,6 сентнер ва соли 2021-ум ҳамагӣ 13,2 сентнерро ташкил додааст, ки ин қонеъкунанда нест.
"Инчунин, соли 2021 дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр ҳосилнокии гандум, шолӣ ва картошка аз нишондиҳандаҳои кишвар ва вилоят паст шудааст. Дар баробари ин соли 2021 дар шаҳри Исфара картошка дар майдони 931 гектар кишт шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи дурнамо 270 гектар кам мебошад", - афзуд ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон масъулинро муваззаф кардааст, ки барои истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, гузаронидани кишти саривақтии зироатҳо, бахусус кишти такрорӣ, васеъ намудани майдони кишт, баланд бардоштани ҳосилнокии ғалладонагиҳо, меваю сабзавот ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ чораҷӯӣ кунанд.