ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Қаҳрамони Тоҷикистон "Истиқлол"-и Душанбе дар доираи бозиҳои даври 3-юми гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё аз тими "Ал-ҳилол"-и Арабистони Саудӣ шикаст хӯрд.
Вохӯрии дастаҳо шоми 15 апрел доир гашта, бо ҳисоби 0:1 ба фоидаи арабҳо поён ёфт.
Ягона голи бозиро бозигари "Ал-ҳилол" Салмон Ал-Фараҷ дар дақиқаи 52-юм зад.
Ин рақобат дар варзишгоҳи "Шоҳзода Файсал Бин Фаҳд"-и шаҳри Риёз бо ҳузури беш аз 13 ҳазор тамошобин сурат гирифт.
Дастпарварони Виталий Левченко пас аз се бозии пайи ҳам ягон имтиёз ба даст наоварда, ҳамин тавр дар поёни ҷадвал қарор гирифтанд.
"Истиқлол" бозии навбатии худро дар ин мусобиқаи 19-уми апрел баргузор мекунад. Рақиби бошгоҳи Душанбе боз "Ал-ҳилол"-и Арабистони Саудӣ хоҳад буд.
Бошгоҳи “Истиқлол” дар ду бозии гузаштааш дар доираи ин мусобиқот аз дастаи "Ал-райён"-и Қатар бо ҳисоби 2:3 ва аз тими “Шарҷа”-и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.
Маврид ба зикр аст, ки “Истиқлол” дар доираи ҳамин мусобиқоти як соли қаблӣ дар як бозӣ аз дастаи “Ал-ҳилол” бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда, дидори дувумашро бо ҳисоби 4:1 бо пирӯзи анҷом дода, бо касби 10 имтиёз дар садри ҷадвал меистод.
Ёдовар мешавем, ба даври 1/8-ниҳоии ин рақобатҳо ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се тиме, ки дар гурӯҳҳои худ бо натиҷаҳои хубтар ҷойҳои дуюмро ишғол мекунанд, роҳ меёбанд.