Идомаи сафари Раҳмон дар Суғд: президент дар Ашт мактабу кӯдакистон ва ферма боз кард

Президенти Тоҷикистон дар идомаи сафараш ба Суғд аз ноҳияи Ашт дидан карда, беморхонаву кӯдакистон ва фермаи чорвопарвариро боз кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон сафараш дар ноҳияи Аштро аз ба истифода додани хатти оби полезӣ, бунёди боғи нави гелос ва боздид аз намоиши кишоварзӣ оғоз кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, раисҷумҳур дар ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи мазкур бинои беморхонаи ноҳиявии рақами 5-ро мавриди истифода қарор дод, ки мушкили 32 ҳазор сокини маҳаллиро осон хоҳад кард.
Ба иттилои манбаъ, беморхона аз се бинои дуошёна, таҳхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, дорои 80 кати хоб мебошад.
Гуфта мешавад, барои табобат ва муолиҷаи беморон дар беморхона 4 шуъба, аз ҷумла амрози калонсолону бачагона, таваллудхона, ҷарроҳӣ ва ташхисгоҳи функсионалӣ мавҷуд буда, дар он табибони ҳирфаӣ фаъолият доранд.
Фаъолсозии корхонаи тавлиди лифтҳои беларусӣ дар Хуҷанд
Ҳамаи шуъбаҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти пешрафтаи тиббии воридотӣ аз Русия, Олмон, Италия ва Чин муҷаҳҳаз мебошанд.
Раисҷумҳур ҳамзамон дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт бинои нави кӯдакистони хусусии “Бунёд”-ро ба истифода додааст, ки аз се ошёна иборат буда, барои 80 кӯдак дар 5 гурӯҳ пешбинӣ гардидааст.
Қабати якум аз ҳуҷраҳои корӣ, машғулиятгоҳ, толори бозии кӯдакон ва ошхона иборат буда, ошёнаи дуюм ва сеюмро ҳуҷраҳои хоб ва синфхонаҳо барои гузаронидани машғулиятҳои иловагӣ ташкил медиҳанд.
Ин кӯдакистонро соҳибкорзан, директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бунёд-ҷаҳони орзуҳои Шумо” Истамой Мадалиева сохта ба истифода додааст.
Раҳмон дар Панҷакент аз вазъияти душвортарини ҷаҳон, таҳримот ва захираи ғизо гуфт
Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корияш ба Ашт ба фаъолияти фермаи чорвои калон оғоз бахшида, аз намоиши соҳаи чорводории ноҳия ва дастовардҳои чорвопарварони минтақа дидан намудааст.
Фермаи чорвои калони шохдор аз ҷониби соҳибкор Зайлобиддин Мақсудҷонов дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Хоҷагии зотпарварии ба номи Тӯйчӣ Эрйигитов” ташкил ва барои парваришу нигоҳубини 200 сар чорво пешбинӣ гардидааст.
Таъкид шудааст, ки фермаи мазкур бо мақсади истеҳсоли гӯшти хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ташкил шуда, коргарон мақсад доранд, бозори дохилиро бо ин навъи маҳсулот таъмин намоянд.