ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Сарбозони Вазорати дифои Русия нахустин гурӯҳи паноҳандагонро аз "Изюм"-и Украина берун оварданд.
Аз вилояти Харков наздики 100 нафар, аз ҷумла 10 кӯдак тахлия карда шуданд.
Корвони автобусҳо бо ҳамроҳии хизматчиёни ҳарбӣ ва техника тавассути гузаргоҳи автомобилии Вериговка-Чугуновка ба вилояти Белгород омад.
Дар қаламрави Украина то сарҳад корвонро мошинҳои пулиси низомӣ ва чархболҳои Русия ҳамроҳӣ мекарданд.
Дар автобусҳо аксаран бонувон, аз ҷумла занони ҳомила, кӯдакон ва пиронсолон буданд, баъзеҳо ҳайвоноти хонагӣ низ доштанд.
Ихтиёриён дар қаламрави Русия гурезаҳоро пешвоз гирифта, онҳоро бо ғизо ва нӯшокиҳои гарм таъмин карданд.
Ҳамчунин дар ҷои ҳодиса кормандони тиб навбатдор буданд, яке аз пиронсолон ба кумаки онҳо ниёз дошт – бемор буд.
Ба гуфтаи мардум, Изюмро нерӯҳои Украина пайваста тирборон мекунанд, аз ин рӯ вазъ ҳам дар шаҳр ва ҳам дар атрофи он хеле хатарнок аст.
Феълан гурезагон дар марказҳои иқоматгоҳи муваққатӣ дар Белгород ҷойгир шудаанд.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд. Ба тарафҳо муяссар гардид, ки бар рӯи баъзе масъалаҳо созиш кунанд.