Аз назорати сарҳад то таҳкими муносиботи минтақаӣ: нишасти вузарои "ОМ + Ҷопон"

Кишварҳои узви Муколамаи Осиёи Марказӣ бо Ҷопон назорати сарҳадро таҳким бахшида, муносиботи минтақаӣ ва байналмилалиро рушд медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Ҷаласаи 8-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” баргузор гардид.
Тоҷикистонро дар ин нишаст вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва дигар кормандони ин ниҳод намояндагӣ карданд.
Бино ба гузориши Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ин нишаст дар шакли маҷозӣ доир шудааст.
Дар рафти ҷаласа вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви муколама роҷеъ ба масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ бо Ҷопон сухан кардаанд.
Вазирон 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ, мубориза бо ҳамагирии COVID-19 таҳкими ҳамкориҳо барои назорати сарҳад, татбиқи ҳадафҳои рушди устувор дар минтақа ва таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ ва минтақаиро баррасӣ кардаанд.
Ҷопон ба пардохти эҳтимолии гази Русия бо рубл вокуниш нишон дод
Дар ин нишаст зикр гардидааст, ки Тоҷикистон бо Ҷопон ҳамкориҳои хуб ба роҳ мондааст.
"Тоҷикистон барои рушд ва татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар соҳаҳои кишоварзӣ, маориф, энергетика, саноат, тандурустӣ, нақлиёт, сайёҳӣ ва технологияҳои муосир ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор ҳамкориҳои хубро бо ҷониби Ҷопон ба роҳ мондааст", - омадааст дар хабар.
Тоҷикистон 54 мошини ёрии таъҷилӣ дарёфт кард
Манбаъ афзуда, ки дар поёни нишасти мазкур ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳо судманд дар доираи Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Япония” изҳор намудаанд.