Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Шӯрои федератсия: Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро ба дарозо намекашад

Вакили Шӯрои федератсия замони анҷоми амалиёти низомии Русия дар Украинаро мушаххас кард. "Расидан ба ҳадаф набояд тӯл кашад", - гуфт ӯ.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Андрей Климов, муовини раиси Комиссияи ҳамкориҳои байналмилалии "Русияи воҳид" гуфт, Русия муҳлати амалиёти низомиро тамдид намекунад.

"Амалиёти махсуси низомии Федератсияи Русия базудӣ хотима меёбад, мо дидаву дониста, онро тамдид карданӣ нестем", - гуфт сенатор.

Вақте ки ҳадафҳо амалӣ ва Украина барои Русияю тамоми ҷаҳон бехатар мешавад, "марҳилаи низомӣ қатъ мегардад", - гуфт Климов.
Ба гуфтаи вай, зарур аст, ки вазъи биолабораторияҳо рӯшан ва амнияти иншооти ҳастаӣ таъмин карда шавад.
Муовини раиси комиссия таъкид кард, дар баробари ин кишварҳои ғарбӣ ба Украина силоҳ интиқол дода, ба оташ рӯған мерезанд.
Қаблан Владимир Путин, кишвардори Русия гуфта буд, ки муноқиша бо ҳамсояи наздиктарин ба далели нашъунамои "пешаҳои миллатгароӣ" ногузир буд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин: Амалиёти вижа дар Украина қадами дуруст аст
Вай ҳамчунин афзуд, ин кишвар барои таъмини амнияти худ илоҷи дигаре надошт. Ягона ва қадами дуруст амалиёти ҳарбӣ буд.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Путин воқеаҳоеро, ки дар Украина рух медиҳад, фоҷиа номид
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд. Ба тарафҳо муяссар гардид, ки бар рӯи баъзе масъалаҳо созиш кунанд.