Даъвати Медведев ба шакли электронӣ гузаронидани хадамоти давлатӣ барои муҳоҷирон

Медведев даъват кард, ки хадамоти давлатӣ барои хориҷиён ба шакли электронӣ гузаронида шавад. Ӯ гуфт, хидматрасонӣ бояд шаффоф бошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Хадамоти давлатӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ бояд дар Русия ба сурати электронӣ ироа карда шаванд ва ин раванд бояд фаҳмо ва шаффоф бошад, гуфт муовини раиси Шӯрои амниятиРусия Дмитрий Медведев дар ҷаласаи комиссияи байниидоравии такмили сиёсати давлатии муҳоҷиратӣ.

"Барои мо идеяи ба шакли электронӣ интиқол додани хидматрасонии давлатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ муҳим аст. Ҳама расмиёт бояд озод, фаҳмо, механизмҳои назорат низ шаффоф бошанд. Ҳамаи ин барои довталабон роҳат бояд бошад", - гуфт Медведев.

Зимни суханронии худ ӯ ҳамчунин аҳамияти ҳамкории муассир бо хадамоти марбут ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонуниро тазаккур дод.
Ба гуфтаи муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия, ин ба коҳиши таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла хатари паҳншавии бемориҳои махсусан хатарноки сироятӣ мусоидат мекунад.
Путин дар Русия ниҳоди нави муҳоҷиратӣ таъсис дод
Аз ин рӯ дар як муддати кутоҳ сохторҳои манфиатдор бояд платформаи ягонаи иттилоотиро дар ихтиёри худ дошта бошанд, гуфт Медведев.
Он бояд маълумотро дар бораи муҳоҷирони ба қайд гирифташуда ва корфармоёнашонро дар бар гирад.
Кӯч ба Русия аз рӯи барномаи давлатӣ: тоҷикистониён пешсафанд
"Барои ҳалли мушкилоти технологӣ як ниҳоди машваратии байниидоравӣ зарур аст. Он бояд ҳам масъалаҳои функсионалиро таҳия кунаду ҳам фаъолияти муътадилро таъмин намояд ва назорат кунад, ки иҷрои тамоми қарорҳои қаблан қабулшуда, аз ҷумла дастурҳои президент чӣ гуна идома дорад", - таъкид кард Медведев.