ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти истеҳсолии коргоҳи "Хуҷанд-Могилёвлифтмаш" оғоз бахшид.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, коргоҳи нав аз ҷониби соҳибкор Музаффар Ҷумъаев, раиси "Хуҷандторгмаш" дар ҳамкорӣ бо корхонаи "Могилёвлифтмаш"-и Беларус таъсис дода шудааст.
Манбаъ афзуд, корхона дар масоҳати 1,8 гектар бо харҷи 2,9 млн. сомонӣ бунёд шудаст, ки аз он 2,1 миллион сомонӣ барои насби таҷҳизот равона гардидаст. Таъкид шудааст, ки дастгоҳу таҷҳизот аз Беларус ворид карда шудаст.
"Лифтҳои нимтайёр аз корхонаи “Могилёвлифтмаш” ворид карда шуда, бо истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии боқимонда дар корхонаи нави шаҳри Хуҷанд лифт пурра барои истифода омода мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид гардидааст, ки дар коргоҳи нави истеҳсоли лифт дар шаҳри Хуҷанд 50 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд.
Ба иттилои дафтари матбуотӣ, дар коргоҳи мазкур лифтҳои гуногуни борбардор, мусофирбарӣ барои хонаҳои баландошёна, корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва дигар иншоот тавлид мешаванд.
Дар маросими ифтитоҳ зикр шудааст, ки дар доираи ҳадафи стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар ин иқдом шоиста мебошад. Таъкид шудаст, ки чунин иқдом ба иваз кардани маҳсулоти воридотӣ мусоидат мекунад.
Бино ба иттилои расмӣ, танҳо дар соли 2021 ҳудуди 4 намуд лифт бо вазни 1,8 ҳазор тонна. ба маблағи 4,2 млн. доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон ворид карда шудааст. Тавлиди лифтҳои худӣ метавонад ҷойи лифтҳои воридотиро гираду барои рушди саноат ва беҳбуди вазъи иҷтимоии сокинони маҳаллӣ мусоидат кунад.