Яккачини футзали Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонӣ мавқеяшро нигоҳ дошт

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон мавқеашро дар радабандии ҷаҳонии ин навъи варзиш ҳифз кардааст. Ҷумҳурӣ пас аз роҳёбӣ ба Ҷоми Осиё-2022 мавқеашро тағйир надодааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Дар феҳристи ҷаҳонӣ мунтахаби футзали Тоҷикистон мақоми 56-умро нигоҳ дошт.
Радабандии навшударо "Futsal World Ranking", Рутбабандии ҷаҳонии футзал нашр кард. Мунтахаби Тоҷикистон ҳоло 940 хол дорад.
Даҳгонаи беҳтарини рейтинги ҷаҳонӣ чунин аст: Бразилия, Испания, Португалия, Аргентина, Русия, Эрон, Қазоқистон, Парагвай, Италия ва Хорватия.
Илова бар ин футзалбозони тоҷик дар феҳристи Осиё дар зинаи 12-ум қарор доранд, ки як зина боло рафтаанд.
Панҷгонаи беҳтарини Осиё Эрон, Ҷопон, Тайланд, Ӯзбекистон ва Австралияро шомил мешавад. Пас аз он Ветнам, Индонезия, Лубнон, Кувейт ва Қирғизистон ҷо гирифтаанд.
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба финал роҳхат гирифт
Қаблан марҳилаи интихобии Ҷоми футзали Осиё дар ду гурӯҳ баргузор шуда, аз рӯи натоиҷи он 4 даста муайян шуда буд, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 бозӣ мекунанд.
Рақобатҳо барои дарёфти ҷом аз 22 сентябр то 20 октябри соли 2022 дар Кувейт баргузор мешаваед.
Маврид ба зикр аст, ки дар ин гурӯҳ ба тими миллии Ӯзбекистон тимҳои баробар набуданд. Он пайи ҳам 3 ғалабаи калон бар Непал, Афғонистон ва Тоҷикистон ба даст овард. Даста бо касби 9 имтиёз ба финали Ҷоми Осиё роҳ ёфт.
Тоҷикистон ва Афғонистон барои роҳхати дуюм мубориза бурданд.
Непал дар ҳамаи 3 бозӣ бо ҳисоби калон мағлуб шуд. Аммо азбаски бозигарони тоҷик бар непалиҳо бо ҳисоби 11:1 ва бар Афғонистон ҳамагӣ 8:1 пирӯз шуданд, мунтахаби Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳхат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон 9 бор– солҳои 2001, 2005-2008, 2010, 2012, 2014, 2016 ва 2018 дар мусобиқоти Қаҳрамонии Осиё ширкат кардааст. Танҳо як бор ба команда муяссар шуд, ки аз ин гурӯҳ барояд. Ин соли 2007 дар Чемпионати Ҷопон буд.