ДУШАНБЕ, 15 апрел - Sputnik. Сомонаи Ҳукумати Русия эъломияи дороиҳои Михаил Мишустинро барои соли 2021 нашр кардааст, ки он ба 18,3 миллион рубл расидааст.
Гуфта мешавад, маълумотҳо дар бораи даромад, хароҷот ва амволи аъзои ҳукумат дар соли ҳисоботии молиявӣ аз 1 январ то 31 декабри соли 2021 нашр кард.
Даромади нахуствазири Русия дар соли 2021 1,5 миллион рубл кам шудааст.
Ин дар ҳолест, ки даромади президенти Русия Владимир Путин дар соли гузашта 10,2 миллион рубл эълом шудааст, ки ин нисбат ба соли 2020 тақрибан 260 ҳазор зиёд аст.
Мишустин миёнаҳои моҳи январи соли 2020 раҳбарии ҳукуматро ба зима гирифт, ки қаблан Хадамоти федеролии андозро раҳбарӣ мекард.
Тибқи эъломияҳои қаблӣ, вай дар соли 2020 19,9 миллион рубл даромад гирифтааст. Дар соли 2019 даромади ӯ 1,7 миллион рубл камтар - 18,2 миллион рубл ва дар соли 2018 18,9 миллион рублро ташкил дод.
Мишустин аз соли 2010 то соли 2020 раҳбарии Хадамоти андозро бар ӯҳда дошт. Пеш аз он, ӯ якчанд сол дар тиҷорат кор кардааст. Қаблан хабар дода мешуд, ки соли 2010, ҳангоми гузаштан ба хизмати давлатӣ, ӯ дороиҳояшро ба ҳамсараш интиқол додааст.
Даромади эъломшудаи Мишустин аз ҷои кори асосӣ ва пасандозҳои маблағе, ки қаблан ба даст оварда буданд, иборат аст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ҳукумат.
"Ин маблағ аз ҳисоби даромад аз ҷои кори асосӣ ва даромад аз пасандозҳои маблағҳое иборат аст, ки Мишустин қаблан ба даст оварда буд", - омадааст дар хабарнома.
Гуфта мешавад, ҳоло дар ихтиёри сарвазир мисли пештара, як манзил бо масоҳати 141,6 метри мураббаъ, инчунин як қитъаи замин ва як бинои истиқоматӣ бо масоҳати 861 метри мураббаъ мебошад. Зани сардори ҳукумат соҳиби мошини Ford Kuga мебошад.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар охири соли 2021 даромади худро 12 миллиону 658 ҳазору 850 рубл эълон кард, ки нисбат ба соли қаблӣ тақрибан 2,5 миллион рубл бештар аст, аз маълумот дар бораи даромад ва амволи аъзои ҳукумат бармеояд.
Зани вазир дар ҳамин давра 896 ҳазору 815 рубл даромад доштааст в, соҳиби мошини Skoda Superb аст. Худи вазир мошинҳои дар ихтиёри худ бударо эълон накардааст.
Зану шавҳар муштаракан соҳиби қитъаи замини масоҳати 2,8 ҳазор метри мураббаъ, бинои истиқоматӣ дар майдони 499 метри мураббаъ ва гаражи 100 метри мураббаъ мебошанд.
Дар ҳамин ҳол, вазир ҳамчунин соҳиби як манзили масоҳати 247 метри мураббаъ ва гаражи 17,7 метри мураббаъ низ мебошад.