Вазорати дифои Русия дар навори видеоӣ амалиёти як ҳавопаймои бесарнишинро намоиш дод.
Хизматчиёни ҳарбӣ бо кӯмаки ҳавопаймоҳои бесарнишин колоннаи техникаи низомии қувваҳои мусаллаҳи Украинаро, ки дар роҳ мерафт, зуд ошкор карданд.
"Самти ҳадафҳо дар вақти воқеӣ ба нуқтаи фармондеҳӣ интиқол дода шуданд ва пас аз он ба онҳо бо истифода аз силоҳи дақиқзан зарба зада шуд", - гуфт вазорати дифоъ.
Ёдовар мешавем, ки маҷаллаи амрикоии "The National Interest" ҳавопаймоҳои русиро аслиҳаи аслии Маскав дар амалиёти вижа дар Украина номид.
Таҳлилгар Сэм Крэнни-Эванс таъкид кард, ки партоби ҳавопаймоҳои бесарнишин пешрафти технологияи Русияро нишон медиҳад.
Вазифаҳои асосии ҷангиро ҳавопаймоҳои бесарнишини "Орлан-10" ва "Элерон-3" иҷро мекунанд. Ҳавопаймоҳо минтақаро дар сатҳи тактикӣ кашф мекунанд.
Илова бар ин ҳавопаймоҳои бесарнишин оташи артиллерияро ислоҳ мекунанд ва ба нерӯҳо дар марш дастгирӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд. Ба тарафҳо муяссар гардид, ки бар рӯи баъзе масъалаҳо созиш кунанд.