ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Ширкати миллии ҳавонавардии Ӯзбекистон дар рӯзҳои таҷлили Иди Рамазон дар сафарҳои ҳавоӣ тахфиф эълон кард.
Дар ин бора дафтари матбуотии "Uzbekistan Airways" гузориш медиҳад.
Ҳамин тариқ нархи чиптаҳо дар хатсайрҳои ҳавоии дохили ин кишвар 50% арзон мешавад.
"Uzbekistan Airways" тахфифи 50-дарсадиро дар тамоми парвозҳои дохилӣ, ки давоми рӯзҳои Иди Рамазон анҷом мешавад, ҷорӣ мекунад", - гуфта мешавад дар иттилоияи ширкат.
Ин нархҳо аз 2 то 4 майи соли 2022 эътибор доранд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки мақомоти Ӯзбекистон мехоҳанд, барои шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) нархҳои вижа муқаррар кунанд.
Ҳамин тариқ афзоиши гардиши сайёҳон ба ин кишвар, аз ҷумла аз Русия дар назар аст.
Ҳамин тавр, ба гуфтаи хадамоти "Aviasales", дар ҳоли ҳозир нархи миёнаи чиптаҳо ба хатсайри "Маскав - Тошканд - Маскав" ҳудуди 30 ҳазор рублро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол аз рӯи натиҷаҳои моҳи марти соли 2022 Ӯзбекистон ба яке аз самтҳои машҳуртарини сайёҳии Русия табдил ёфтааст. Аз панҷ як ҳиссаи тамоми билетҳои фурӯхташуда — 20,6 фоиз ба ин кишвар рост меояд.
Қобили зикр аст, ки дар соли 2021 беш аз 1 миллион нафар ба Ӯзбекистон ворид шуданд, ки нисфи онҳоро сайёҳони рус ташкил медиҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки чунин иқдомот дар Ӯзбекистон аввалин набуда, қаблан низ ин ширкат барои парвозҳои дохилӣ дар Иди Наврӯз 50 фисад тахфиф эълон карда буд.