Путин: Аврупо медонад, ки бидуни манобеи энержии Русия наметавонад

Президент мегӯяд, Аврупо эътироф мекунад, ки бидуни захираҳои энергетикии Русия кор карда наметавонанд, ва боло бурдани нарҳо низ дар он ҷойи кори дасти худи онҳост
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Шарикон аз кишварҳои ғайридӯсти Русия, эътироф мекунанд, ки бидуни захираҳои энергетикии Русия, аз ҷумла газ, кор карда наметавонанд, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
“Шарикони ба истилоҳ аз кишварҳои ғайридӯст эътироф мекунанд, ки бидуни захираҳои энергетикӣ, аз ҷумла гази табиӣ наметавонанд кор кунанд. Ҷойгузини оқилонаи он барои Аврупо ҳоло умуман нест", - гуфи Путин.
Ба гуфта ӯ, аврупоиҳо метавонанд аз манобеи энержии Русия даст кашанд, аммо ҳоло ин барояшон дастнорас аст.
"Бале, имконпазир аст, аммо ҳоло дастрас нест. Ҳама инро мефаҳманд, ки ҳоло дар бозор ҳаҷми озод вуҷуд надорад ва маводе, ки аз дигар кишварҳо, пеш аз ҳама, Иёлоти Муттаҳида метавонад ба Аврупо фиристода шавад, ба истеъмолкунандагон чанд маротиба гаронтар арзиш дорад ва ба сатҳи зиндагии мардум ва рақобатпазирии иқтисоди Аврупо таъсир мерасонад", - гуфт Путин.
Президенти Русия гуфт, кишварҳои аврупоӣ дар бораи даст кашидан аз манобеи энержии Русия ҳарф зада, бозорро ноором мекунанд ва нархҳоро бо дастони худ боло мебаранд.
Боз як кишвари дигари аврупоӣ омодааст, бо рубл гази Русияро харад
"Кишварҳои аврупоӣ пайваста дар бораи даст кашидан аз интиқоли манобеи энержии Русия ҳарф мезананд ва ба ин васила бозорро боз ҳам ноором мекунанд ва худ нархҳоро боло мебаранд. Пеш аз ҳама барои шаҳрвандони худ", - гуфт Путин дар мулоқот бо намояндагони саноати нафту газ.
Маврид ба зирк аст, ки пас аз амалиёти вижаи Русия дар Украина аксар кишварҳои ғарбӣ ба даст кашидан аз воридоти маводи сухти Маскав ҳарф мезананд.
Аммо ба андешаи коршиносон ин кор ба зудӣ кардан ғайриимкон аст ва ягон манобеи энержӣ ҷойи Русияро гирифта наметавонад.
Амрико бар ивази Русия ба Ғарб маҳсулоти худашро пешниҳод кард, аммо ба андешаи коршиносони соҳа, воридоти газ аз ИМА тоза набуда боиси олудагии фазо мешавад, ки он ба принсипҳои ҳифзи экологияи ғарбӣ мувофиқат намекунад.