ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Ваҳдат ҳукми сокини маҳаллӣ Юлдошзода Манучеҳри 23-соларо бо ҷурми одамкушӣ содир кард.
Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, Юлдошзода тахминан моҳи декабри соли 2021 бо шаҳрванд Шарипова Дилороми 51-сола шиносои пайдо карда, бо номбурда ба ивази маблағи 160 сомонӣ дар манзили истиқоматиаш алоқаи ҷинсӣ намудааст.
Пас аз чанд рӯз ин мард боз ба Шарипова барои муносибатҳои маҳрамона пул пешниҳод карда, ба ӯ 150 сомонӣ додааст.
Ҳангоме онҳо ба хонаи Шарипова омаданд, Юлдошзода занро барои бӯи машруботи спиртӣ карданаш сарзаниш намуда, ӯро эрод гирифтааст, аммо зан аз ин ба қаҳру ғазаб омада, ба рӯи номбурда як шаппотӣ зада, бо алфози қабеҳ ӯро дашном додаву шаъну шарафашро паст задааст.
Сипас Юлдошзода бо баҳонаи эҳсос накардани бӯи шароб даҳони Шариповаро баста, бо ӯ алоқаи ҷинсӣ кардаву сипас бо рӯймол занро бӯғӣ кардааст.
Ҳамчунин Юлдошзода баъди бовар ҳосил кардан, ки зан ба ҳалокат расидааст, хонаро кофта 150 сомонӣ пули додаашро мегирад.
Баъдан ҷинояткор боздошт ва нисбати ӯ бо моддаҳои 104 (одамкушӣ) ва 244 (дуздӣ)-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Ҳамин тариқ бо ҳукми суди шаҳри Вахдат Юлдошзода Манучеҳр ба муҳлати 10 солу 6 моҳ равонаи зиндони низомаш сахт гардид.