Афзоиши содироти маҳсулот аз Суғд ба хориҷ аз кишвар

Мақомоти Суғд эълон кардаанд, ки ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд дар се моҳи соли равон ба 720,5 миллион доллар расонида шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии мақомоти вилояти Суғд, ҳаҷми воридот 463,5 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 118,4 миллион доллар ё 34,3 фоиз афзудааст.
Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 257,0 миллион долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 122,4 миллион доллар ё 90,9 фоиз зиёд мебошад.
Манбаъ хабар додааст, ки содироти маъдан ва консентрат нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 83,6 миллион доллар афзоиш ёфта, ҳамагӣ 93,5 тонна маъдан ва консентрат, муодили 159,5 миллион доллар содир шудааст. Ҳиссаи маъдан ва консентрат дар ҳаҷми умумии содирот 62,0 фоизро ташкил намуд.
Дар Тоҷикистон воридоти мол аз содирот ба таври қобили мулоҳиза бештар шудааст
Нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ҳаҷми содироти семент ба намуди аслӣ ба миқдори 35 ҳазору 121 тонна афзоиш ёфта, ҳамагӣ 168 ҳазору 870 тонна семент ба маблағи 4,9 миллион доллар содирот шудааст.
Дар ҳамин ҳол манбаъ илова кардааст, дар вилоят нишондиҳандаҳои истеҳсолии соҳаи саноати нассоҷӣ беҳтар гардида, ки зиёдшавии ҳаҷми содироти калобаи пахтагин ва либосворӣ аз он дарак медиҳад.
"Дар 3 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 5,8 миллион доллар 351 тонна либосворӣ ба бозори хориҷӣ бароварда шуда, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ мутаносибан 1 миллион доллар ва 84 тонна ба ҳисоб гирифта шудааст”,- таъкид кардааст манбаъ.
Ҳамзаамон аз Суғд ба маблағи 35,4 миллион доллар 13 ҳазору 492 тонна нахи пахта содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2 174 тонна ва ба маблағи 17,2 миллион доллар зиёд аст.
Воридоти беш аз чилбаробарӣ аз содирот дар гузориши МОИ Тоҷикистон
Дар 3 моҳи соли 2022 ба маблағи 7,9 миллион доллар 17 ҳазору 240 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содир шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ 8 866 тонна ва ба маблағи 5,3 миллион доллар зиёд мебошад.
Ҳиссаи хушкмева дар сохтори содироти маҳсулоти кишоварзӣ 79,8 фоизро дар бар гирифта, дар ин давра 11 ҳазору 387 тонна хушкмева, ба маблағи 6,4 миллион доллар содир шудааст. Афзоиши содироти хушкмева 5 788 тонна, 4,1 миллион долларро ташкил намудааст.