Зиндони якумрӣ шудани муҳоҷири тоҷик ба далели қатли ҳамсари ҳомила ва падарарӯсаш

Додгоҳи вилояти Перми Русия ҳукми муҳоҷири 23-соларо эълон намудааст, ки дар қатли ҳамсари ҳомила ва хусури худ даст доштааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Дар Русия як моҳиҷири 23-сола ба ҳабси абад ҳукм шуд. Ҳукми ӯро суди шаҳри Перм эълон намудааст ва Додситонии кулии Тоҷикистон рӯзи 13 апрел онро расонаӣ кард.
Ин муҳоҷир дар қатли ҳамсар ва падарарӯси худ гунаҳкор дониста шуд.
Ҳодисаи даҳшатбори қатли падару духтар рӯзи 3 феврали соли гузашта дар вилояти Перм сурат гирифт.
Маҳкумшуда дар ин шаҳр дар анбори падарарӯси худ кор мекард ва тибқи иттилои мақомоти Русия, ӯ зиёд машруб менӯшид.
Гуфта мешавад, миёни домод ва ҳамсару падарарӯсаш ҷангу муноқишаҳои зиёд тӯл кашида, ахиран зан тасмим мегирад, ки аз шавҳари худ ҷудо шавад. Падараш барои харид кардани чиптаи ҳавопаймоӣ меравад, то домодашро ба Ватан гусел кунад.
Эълони ҳукми зане, ки ҳамсарашро кушт: моҷаро сари пулҳои фарзанди муҳоҷир
Аммо ҷавони 23-сола дар дохили манзили иҷора нахуст занашро бо ду зарби корд кушта, сипас сарашро аз танаш ҷудо кард. Баъдан дар назди бинои истиқоматӣ хусурашро поида, ӯро низ бо зарби корд ба қатл расонд ва сипас аз ҷойи ҳодиса фирор кард.
Мақомоти Русия мегӯянд, маҳкумшуда дар ҷараёни тафтишот ба гуноҳи худ иқрор шудааст.
Ба ҳамин минвол ӯ бо ҳукми суди вилояти Перм, тибқи моддаи моддаи 105, қисми 2 б.б, “а", "г", "д”, Кодекси ҷиноятии Русия гунаҳкор ҳисобида шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди якумр маҳрум кардан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар муассисаи ислоҳии дорои низомаш махсус таъин карда шудааст.
Дар ҳамин ҳол Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар оянда барои ҷилавгирӣ намудан аз чунин ҳодисаҳои нохуш тамоми чораҳоро истифода мебарад.