ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Федератсияи таэквондо дар Тоҷикистон барои фиристодани варзишгарони ҷумҳурӣ ба мусобиқоти хориҷӣ маблағи кофӣ надоштааст. Илова бар ин пандемияи коронавирус ин корро мураккабтар кард.
Ҷаҳонзеб Қармишев, раиси Федератсияи таэквондои ҷумҳурӣ дар бораи сабабҳои ширкат накардани варзишгарон ва мураббиёни тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ ибрози назар кард.
"Аз сабаби боло рафтани нархи чиптаҳо мондан дар кишварҳои мизбон он қадар мушкилоти зиёдеро ба вуҷуд овард, ки федератсия қодир нест, ки ин хароҷотро пардохт кунад", - таъкид кард ӯ.
Ба гуфтаи Қармишев, дар Тоҷикистон таэквондочиёни боистеъдод кам нестанд, ки борҳо дар мусобиқаҳои бонуфуз ғолиб омадаанд.
"Барои дастгирии онҳо ба мо сарпараст лозим аст. Сипас дар мусобиқаҳои хориҷӣ бештар ширкат хоҳем кард. Як федератсия наметавонад варзишгаронро пурра дастгирӣ кунад", - гуфт ӯ.
Вай ҳамчунин гуфт, ки таэквандочиён аз Тоҷикистон қасд доранд, дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024, ки дар Порис баргузор мешаванд, ширкат кунанд.
Аллакай муррабиён барои интихоб ба мусобиқаҳои асосии ҷаҳонӣ фаъолона тайёрӣ дида истодаанд.
Бо вуҷуди ин ба онҳо роҳхат гирифтан чандон осон нест. Федератсияи ҷаҳонии таэквондо қоидаҳои нав ҷорӣ кардааст: интихоб аз рӯи рейтинги ҷаҳонии олимпӣ сурат мегирад.
Рӯйдодҳои муҳим барои варзишгарони тоҷик Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ ва Бозиҳои осиёӣ хоҳанд буд, ки соли 2022 баргузор мешаванд.
Иштирок дар ин гуна мусобиқаҳо воқеаи муҳим аст. Дар мусобиқоти қитъаӣ варзишгарон метавонанд иҷозатномае ба даст оранд, ки ба онҳо имкон медиҳад, то ба Бозиҳои олимпии соли 2024 роҳ ёбад.