Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Имзои се санад миёни Тоҷикистону Қирғизистон пас аз муноқишаи ахири марзӣ

Зери ин се санад сардорони қӯшунҳои сарҳадии кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон дар ноҳияи Лайлак имзо гузоштанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Баъд аз зуҳри 13 апрел, дар пайи рух додани муноқишаи ахири мусаллаҳонаи марзӣ мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон се санад имзо карданд.
Дар ин бора аз ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, зери санадҳо Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сардори Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш Уралбек Шаршеев имзо карданд.
Тибқи санадҳои тасвибшуда, ҳамакнун қувваю воситаҳои иловагӣ бояд ба ҷойи истиқрори доимӣ баргардонда шаванд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Дар тирпаронӣ бо Қирғизистон як сарбози тоҷик ба шаҳодат расид
Ҳамчунин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳодисаи тирпаронии ахир ҷиддан, мунсифона таҳқиқ шавад ва омили сар задани он ошкор гардад.
Илова бар ин дар санад зикр шудааст, ки бо дарназардошти манофеи ҳар ду ҷониб бояд шароити обёрии заминҳо ва амнияти сокинони наздимарзӣ таъмин шавад.
Манбаъ меафзояд, ин се санад дар ноҳияи Лайлаки ҳаммарз бо ноҳияи Бобоҷон Ғафуров имзо шуданд.
Ёдрас менамоем, ки шаби гузашта дар марзи Тоҷикистону Қирғизистони муноқишаи навбатӣ бо истифода аз силоҳҳои аташфишон сурат гирифт.
Тирпаронӣ соати 18:20 дақиқаи бегоҳ дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии “Зафар”-и ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар рӯ ба рӯи деҳаи Жан Жери ҷамоати Қулундуи ноҳияи Лайлак қарор дорад, сар зад.
“Сабаби задухӯрди мусаллаҳона он шудааст, ки сардори қисми сарҳадбонии Қулундуи Қирғизистон бо мошини хидматиаш ба назди сарҳадбонони тоҷик омада, як баҳси лафзиро шуруъ намудааст. Вале то наздик шудани сарҳадбонони тоҷик ба назди ӯ ва шуруи гуфтушунид сарҳадбонони қирғиз аз силоҳ оташ кушодаанд. Дар ин миён сарҳадбонони тоҷик оташи ҷавобӣ кушодаанд, ки дар натиҷа як сарбози қирғиз захмӣ гардидааст”, – гуфт манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.
Баъди ин сарҳадбонони қирғиз сарбози захмиро бо мошин бор карда, ба қафо баргашта, аз намудҳои гуногуни силоҳ ба ҷониби сарҳадбонони тоҷик оташ кушодаанд.
Бархе аз манобеъ хабар медиҳанд, ки дар пайи ин муноқиша чанд низомӣ ва мардуми осоишта кушта ва захмӣ шудаанд.