ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Зоир Саидумарови 27-сола, сержанти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар тирпаронии шоми 12-уми апрел ҷароҳати сангин бардошта, дар бемористон ба ҳалокат расидааст, иттилоъ доданд ба Sputnik Тоҷикистон манобеъ аз ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ, ин марзбон сокини ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон аст, ки ҳанӯз баҳори соли 2020 ба хидмат рафта буд ва дар муноқишаи навбатӣ аз ноҳияи шикам ва китфаш захм бардошта, дар бемористон даргузаштааст.
“Ӯ ҳамон лаҳза ба беморхона интиқол ёфт, аммо мутаасифона, ба ҳалокат расид”, - иттилоъ дод манбаъ.
Дар ҳамин ҳол расонаҳои маҳалӣ хабар доданд, ки сарбози ҷонбохта дар муноқишаи марзӣ аллакай дар зодгоҳаш ба хок супурда шудааст.
Маросими видоъ бо марзбони кушташуда нимарӯзи 13-уми апрел дар зодгоҳаш баргузор шудааст. Дар маросими видоъ намояндагони қисми ҳарбие, ки Зоир Саидумаров дар он хидмат мекард, ширкат доштанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти Қирғизистон ҳам хабар доданд, дар натиҷаи тирпаронӣ ду шаҳрванди ин кишвар осеб дидааст.
Вазорати тандурустии ин кишвар хабар додааст, ки дар натиҷаи муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ду шаҳрванди ғайринизомии Қирғизистон захм бардоштаанд.
Ёдрас менамоем, ки тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистон, дар ҳудуди ҷамоати Хистеварзи Тоҷикистон ва Борбордуки Қирғизистон соати 18.20 шоми 12-уми апрел рух дода буд.