ДУШАНБЕ, 12 апр – Sputnik. Мақомоти Қирғизистону Тоҷикистон дар бораи берун бурдани нерӯҳои иловагӣ аз минтақаҳои наздисарҳадӣ ба тавофуқ расиданд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости” дар истинод ба маркази матбуотии Хадамоти марзбонии Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон.
Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар дод, ин тасмим яке аз қарорҳое мебошад, ки дар ҷараёни мулоқоти сардори бахши сарҳадбонии вилояти Бодканд Киялбек Толонбоев бо ҳамтои тоҷики худ Ҳикматулло Пираков рӯйи даст гирифта шудааст.
“Дар ҷараёни музокирот яке аз масъалаҳои муҳим ин берун кашидани нерӯҳои иловагӣ ва баргардонидани онҳо ба ҷойҳои истиқрори доимияшон буд. Билофосила ҷонибҳо дар бораи берун бурдани нерӯҳои худ аз минтақаҳои наздимарзӣ шуруъ карданд”, - таъкид кардааст сухангӯи маркази матбуотии КДАМ Қирғизистон.
Бар асоси созиш, нерӯҳо ва техникаҳои иловагӣ аз маҳалли даргир дар марз ба ҷои доимияшон бурда мешаванд.
Ба гуфтаи манбаъ, вазъ дар марз нисбатан муътадил аст, вале унсурҳои ташаннуҷ ба назар мерасад.
КДАМ Қирғизистон илова кардааст, ки ҳайатҳои ду кишвар музокиротро дар гузаргоҳи Овчӣ-Қалъача идома медиҳанд.
Ёдрас менамоем, ки ахиран як манбаъ дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, дар пайи як даргирии кӯтоҳмуддат дар марз бо Қирғизистон ду сарбози тоҷик шадидан маҷруҳ шуда ва якеи дигар ҳам ҷароҳати сабук бардоштааст.
“Ин иттифоқ дар қисмати марзии миёни рустои Жани Жери ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ва хоҷагии деҳқонии “Зафар”-и ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон иттифоқ афтодааст. Тирандозӣ дар пайи як ихтилофи лафзӣ миёни сарбозон ба вуқуъ пайвастааст”, - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол манобеи маҳаллӣ аз кушта шудани ду сарбози марзбони тоҷик ва захмӣ шудани як нафари дигар хабар медиҳанд. Ин иттилоъ то ба ҳол таъйид ё такзиб нашудааст. Ҷониби Қирғизистон аз захмӣ шудани як сарбози Тоҷикистон хабар дода буд.
Манобеъ аз ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара хабар медиҳанд, ки дар маҳаллаи Сомониёни ҷониби Тоҷикистон ва Кӯктоши Қирғизистон таҷаммуи нерӯҳои низомӣ дида мешавад. Сокинони ин маҳаллаҳо аз сӯйи низомиёни кӯч дода шудаанд.
Ҳамчунин тадорук дар қисмати марзи Овчӣ-Қалъачаи Тоҷикистон ва Мақсади Қирғизистон низ мушоҳида шудааст.