Тасовире аз музокироти марзӣ

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз бегоҳи 12 апрел ноамнӣ иттифоқ афтод. Марзбонони ҳар ду кишвар сӯи ҳам тирпаронӣ намуданд. Баъдан музокироти ҳайатҳои тоҷику қирғиз сурат гирифт, ки Sputnik Тоҷикистон аз рафти он чанд аксро гирд овард
Sputnik
1 / 8

Мулоқоти ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон дар деҳаи Борбодуки ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳаммарз бо ҷамоати Хистеварзи ноҳия Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон сурат гирифт

2 / 8

Ин музокирот беш аз як соат идома кард ва феълан интизор меравад, ки баъди зуҳр миёни ҳайатҳо як протокол ба тасвиб расад

3 / 8

Дар музокирот ҷониби Тоҷикистонро Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ва Навҷувон Навҷувонов, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, намояндагӣ намуданд

4 / 8

Пас аз ин мулоқот тавофуқ ҳосил шуд, ки қӯшунҳои ҳар ду кишвар ба маҳалли доимии худ баргардонда шаванд

5 / 8

Дар протоколе, ки бояд рӯзи 13 апрел имзо шавад, таҳқиқи мунсифонаи тирпаронии ахир, масъалаи обёрии замин, берун кашидани нерӯҳо аз минтақаҳои наздимарзӣ ва ҳифзи амнияти сокинони наздимарзиро дарбар хоҳад гирифт

6 / 8

Феълан вазъият дар марз ором аст

7 / 8
Музокироти Тоҷикистону Қирғизистон дар марз
8 / 8
Музокироти Тоҷикистону Қирғизистон дар марз
Шаби 12 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистони муноқишаи навбатӣ бо истифода аз силоҳҳои оташфишон сурат гирифт.
Тирпаронӣ соати 18:20 дақиқаи бегоҳ дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии “Зафар”-и ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар рӯ ба рӯи деҳаи Жан Жери ҷамоати Қулундуи ноҳияи Лайлак қарор дорад, сар задааст.
Бозгашти нерӯҳои иловагӣ аз марз ба минтақаҳои истиқрори доимии худ
“Сабаби задухӯрди мусаллаҳона аз он шуруъ шудааст, ки сардори қисми сарҳадбонии Қулундуи Қирғизистон бо мошини хидматиаш ба назди сарҳадбонони тоҷик омада, як баҳси лафзиро шуруъ намудааст. Вале то наздик шудани сарҳадбонони тоҷик ба назди ӯ ва шуруи гуфтушунид сарҳадбонони қирғиз аз силоҳ оташ кушодаанд. Дар ин миён сарҳадбонони тоҷик оташи ҷавобӣ кушодаанд, ки дар натиҷа як сарбози қирғиз захмин гардидааст”, – гуфт манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.
Баъди ин сарҳадбонони қирғиз сарбози захминшударо бо мошин бор карда, ба қафо баргашта, сипас аз намудҳои гуногуни силоҳ ба ҷониби сарҳадбонони тоҷик оташ кушодаанд.
Бархе аз манобеъ хабар медиҳанд, ки дар пайи ин муноқиша чан низоми ва мардуми осоишта кушта ва захмӣ шудааст.