ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Вуқуи ин ҳодисаро аз ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Sputnik Тоҷикистон таъйид намуданд.
Бино ба хабари манбаъ, тирпаронӣ соати 18:20 дақиқаи бегоҳ дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии “Зафар”-и ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар рӯ ба рӯи деҳаи Жан Жери ҷамоати Қулундуи ноҳияи Лайлак қарор дорад, сар задааст.
"Задухӯрди мусаллаҳона аз он шуруъ шудааст, ки сардори қисми сарҳадбонии Қулундуи Қирғизистон бо мошини хидматиаш ба назди сарҳадбонони тоҷик омада, як баҳси лафзиро шуруъ намудааст".
"Вале то наздик шудани сарҳадбонони тоҷик ба назди ӯ ва шуруи гуфтушунид сарҳадбонони қирғиз аз силоҳ оташ кушодаанд. Дар ин миён сарҳадбонони тоҷик оташи ҷавобӣ кушодаанд, ки дар натиҷа як сарбози қирғиз захмин гардидааст”, – гуфт манбаъ.
Баъди ин сарҳадбонони қирғиз сарбози захминшударо бо мошин бор карда, ба қафо баргашта, сипас аз намудҳои гуногуни силоҳ ба ҷониби сарҳадбонони тоҷик оташ кушодаанд.
Ин манбаъ дар бораи осеб дидани сарҳадбонони тоҷик дар пайи ин ҳодиса изҳори бехабарӣ кард.
Аммо як манбаъ аз ҷамоати деҳоти Хистеварз гуфт, ки дар пайи тирпаронӣ ду сарбози тоҷик шадидан захмин шудаанд.
Аз ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфтанд, ки айни ҳол тирпаронӣ қатъ гардида ва дар марзи миёни ҷамоати Хистеварз ва Кулунду миёни низомиёну намояндагони ҳукумати ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Лайлак гуфтушунид идома дорад.
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баъд аз Исфара дуюмин ноҳияи марзии Суғд бо Қирғизистон маҳсуб мешавад. Ду ҷамоати калонтарини ин ноҳия: Хистеварз 22,5 километр ва Овчӣ-Қалъача наздик ба 20 километр бо ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканди Қирғизистон марзи мушатарак доранд.
Тоҷикистону Қирғизистон дар умум беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст.
Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо сабаби рух додани муноқишаҳои марзӣ миёни шаҳрвандони ду кишвар шудааст.