ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин дар бораи он ки ин кишвар ба таҳримҳои Ғарб чӣ гуна вокуниш нишон медиҳад, иттилоъ дод. Президент дар мулоқот дар бораи рушди Арктика дар ин бора ибрози назар кард.
"Мо бояд бо баланд бардоштани суръати кор дар вазифаҳои ҷорӣ ва дарозмуддат посух диҳем. Пеш аз ҳама ин ба соҳаи иҷтимоӣ дахл дорад", - таъкид кард Путин.
Вай таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки яке аз авлавиятҳои мақомоти Русия иҷрои тарҳҳои бузурги сармоягузорӣ ва ҳамчунин иҷрои тарҳҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ дар манотиқи шимолӣ аст.
Таҳримҳо занҷирҳои нақлиётӣ ва логистикиро қатъ карданд. Путин қайд кард, ки баъзе ширкатҳои хориҷӣ уҳдадориҳои шартномавии худро иҷро намекунанд.
"Ин барои мо душвориҳои муайянеро ба вуҷуд меорад, вале мо тамоми захираву имкониятҳоро дорем, ки зуд роҳҳои ҳалли алтернативиро пайдо намуда, истиқлоли худро аз омилҳои беруна дар оянда боз ҳам таҳким бахшем", - гуфт сарвари давлати Русия.
Қаблан раисҷумҳури Русия гуфта буд, ки миллионҳо аврупоиҳо ба далели радди харидории манобеи энержӣ аз Русия аллакай зарбаеро дар худ эҳсос кардаанд.
Ҳамзамон таҳримҳо ба шаҳрвандони ИМА низ зарбаи сахт заданд. Путин афзуд, дар моҳҳои охир таваррум дар ин кишвар боло рафтааст.
Ёдовар мешавем, ки Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо дар робита ба оғози амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс алайҳи Маскав маҳдудиятҳои густарда ҷорӣ кардаанд.
Таҳримҳо ба соҳаҳои молӣ, энергетика, нақлиёт, технологӣ ва сиёсати раводид таъсир расонданд.
Ҳамин тариқ, ИА амалиёти идоракунии захираҳо ва дороиҳои Бонки марказиро манъ ва ба дунболи ин як қатор бонкҳои Русияро аз системаи SWIFT ҷудо кард.
ИМА воридоти нафти Русия, гази моеъ ва ангиштро маҳдуд ва баъдан арақ, маҳсулоти баҳрӣ ва алмоси сохти Русияро ба ин рӯйхат ворид кард.
Инчунин бисёр брендҳои хориҷӣ кор дар Русияро боздоштанд. Илова бар ин Иттиҳодияи Аврупо паҳн кардани хабарро тавассути манобеи русии "Russia Today" ва "Sputnik" манъ ва баъдан ин ниҳодҳо видеохостинги "YouTube"-ро низ масдуд карданд.
Чунин маҳдудиятҳо ба дигар расонаҳои Русия низ таъсир расониданд.
Илова бар ин Иттиҳодияи Аврупо, ИМА ва як қатор давлатҳои дигар дороиҳои хориҷии сиёсатмадорон ва соҳибкорони Русияро масдуду вуруди онҳо ба қаламрави худро низ манъ кардаанд. Рӯйхати таҳримҳо давра ба давра нав карда мешавад.