ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Ба хотири мутобиқ кардани сокинони Осиёи Марказӣ дар Русия ифтитоҳи марказҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар назар аст, ки тавассути онҳо муҳоҷирон кумакҳои мухталиф дарёфт хоҳанд кард.
Sputnik Тоҷикистон чӣ гуна беҳтар амалӣ кардани чунин иқдомро аз ходими пешбари Пажуҳишгоҳи пешгӯии иқтисодии Академияи илмҳои Русия Дмитрий Полетаев, номзади улуми иқтисод пурсон шуд.
Ба гуфтаи коршинос, дар Русия аллакай як зумра созмонҳои ғайридавлатӣ вуҷуд доранд, ки дар самти кумаки мустақим ба муҳоҷирони корӣ фаъолият доранд.
Агар мақомот нақшаи ҷалби ин гуна созмонҳоро дар назар дошта бошанд, пас аз ҳоло корро оғоз кардан мумкин аст.
"Агар сухан дар бораи таъсиси марказҳои нави махсус равад, пас ман фикр мекунам, ки ин кор моҳҳо, на солҳо тӯл мекашад, зеро онҳо бояд дар байни муҳоҷирон шуҳрат пайдо кунанд, то як навъ эътимод пайдо кунанд", - гуфт Полетаев.
Ба унвони мисол, таҳлилгар аз фаъолияти Салиби Сурхи Русия ёдовар шуд, ки ба масоили фарзандони хориҷиён ва мубориза бо қочоқи инсон машғул аст.
Коршинос бовар дорад, ки аз ҳама амали оқилонатарин пуштибонӣ аз созмонҳои мавҷуда хоҳад буд, ба мисли кишварҳое, ки аксаран муҳоҷиронро қабул мекунанд.
Аммо ба гуфтаи Полетаев, барои сабук кардани бори созмонҳои ғайридавлатӣ марказҳои давлатӣ низ лозим аст.
Дар маҷмуъ олим аз ин ибтикор ҷонибдорӣ мекунад, аммо қайд мекунад, ки ин корро метавон тавассути телефонҳои боварӣ амалӣ кард, ки хориҷиён тавонанд роҳҳали муносиби мушкилоти худро ёбанд.
Қаблан Нурулло Маҳмадуллозода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфта буд, ки муҳоҷирони меҳнатиро баъди расидан ба хонаашон чӣ интизор аст.
Ба гуфтаи ӯ, дар кишвар барномаи давлатии дастгирии шаҳрвандони баназдикӣ баргашта амал мекунад, ки ба шарофати он дар соли 2021 қариб 1500 нафар курсҳои роҳнамоии касбро хатм намуда, 575 нафар соҳиби ҷойи кори нав гардиданд.