ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Посгоҳи марзӣ дар рустои Гордеевка, воқеъ дар марз бо Украина тирборон шуд. Дар робита ба ин ҳодиса мақомоти ноҳия дар саҳифаи худ дар "ВКонтакте" ба сокинони маҳаллӣ муроҷиат кардаанд.
"Муҳтарам сокинони ноҳияи Кореневский!.. Соате пеш дар рустои Гордеевка гузаргоҳи сарҳадиро аз аслиҳаи оташфишон тирборон карданд. Нуқтаҳои тирпаронӣ бо оташи ҷавобии марзбонони Русия хомӯш карда шуданд. Аз ҷониби мо талафот ва хисороте нест”, - гуфтанд дар ҳукумати ноҳия.
Губернатори вилояти Курск Роман Старовойт гуфт, аз ҷониби Украина миномётҳо ба як посгоҳи марзӣ дар наздикии рустои Елизаветовкаи ноҳияи Глушковский тирандозӣ кардаанд.
Маълум шуд, ки марзбонон нуқтаи оташфишониро пахш кардаанд, дар ҳоле ки касе осеб надидааст.
Дар вилояти Курск сатҳи зарди таҳдиди террористӣ ҷорӣ шудааст.
Ба гуфтаи волии ин вилоят, ин ба иғвои эҳтимолии миллатгароҳои украинӣ марбут аст, зеро ин минтақа бо вилояти Сумии Украина ҳаммарз аст.
Ёдовар мешавем, ки 3 дараҷаи таҳдиди террористӣ вуҷуд дорад: баланд - кабуд, баландтар - зард ва фавқулодда - сурх.
Қаблан дар Белгород 2 чархболи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба ҳарими ҳавоии Русия ворид шуда, ду зарбаи ҳавоӣ заданд, ки дар анбори нафти шаҳрии ҶСК "Белгороднефтепродукт" оташсӯзии дараҷаи баланди мураккабро ба бор овард.
Ҳашт баки сӯзишворӣ, ки ҳаҷмашон 2 ҳазор метри мукааб будааст, оташ гирифт.
Ҳамчунин бар асари тирборони нерӯҳои мусаллаҳи Украина дастикам 7 бино дар боғи саноатии "Северний" ва боғи саноатии "Фабрика" дар Белгород осеб диданд.
Русия субҳи панҷшанбеи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ҳеҷ чиз ба мардуми осоишта таҳдид намекунад.